Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ба асп-андар омад ба кохи бузург
Ҷаҳонносипарда ҷавони сутург,

Кас аз рӯзбонон ба дар-бар намонд.
Фаридун ҷаҳонофаринро бихонд.

ДИДАНИ ФАРИДУН ХОҲАРОНИ ҶАМШЕДРО

Тилисме, ки Заҳҳок созанда буд,
Сараш осмон-бар фарозанда буд,

Фаридун зи боло фуруд оварид,
Ки он ҷуз ба номи ҷаҳондор дид.

Яке гурзаи говсар бар сараш
Задӣ, ҳар ки омад ҳаме дар бараш

В-аз он ҷодувон, к-андар айвон буданд,
Ҳама номвар наррадевон буданд,

Сарон-шон ба гурзи гарон кард паст,
Нишаст аз бари гоҳи ҷодупараст.

Ниҳода бари тахти Заҳҳок пой,
Кулоҳи кайӣ ҷусту бигрифт ҷой,

Зи ҳар сӯ ба айвони ӯ бингарид,
Нишоне аз ӯ ҳеч гуна надид.

Бурун оварид аз шабистони ӯй
Бутони сияҳчашми хуршедрӯй,

Бифармуд шустан танон-шон нахуст,
Равоншон пас аз тирагиҳо бишуст,

Раҳи довари пок бинмудашон,
Зи олудагиҳо биполудашон,

Ки парвардаи бутпарастон буданд,
Саросема бар сони мастон буданд.

Пас он хоҳарони ҷаҳондор Ҷам,
Зи наргис гули сурхро дода нам,

Кушоданд бар Офаридун сухан,
Ки «Нав бош, то ҳаст гетӣ куҳан!

пешина
аз 345
навбатӣ