Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Шоир ҳафтаҳову моҳҳо дар Ҳироту Тӯс махфиёна зист ва ваҷҳи аҳсан аст, ки дӯстону рафиқон, мардуми оддии адабдӯст, ба қавле дар дукони падари Азрақии шоир ва ба қавле дар хонаи падари Адиб Собири Тирмизӣ шоирашонро пуштибониву сарпаноҳӣ карданд.
Дар баъзе тадқиқот омадааст, ки гӯё Фирдавсӣ дар аснои сарсониҳо ба Бағдод рафтаву аз халифа (аз қавли устод Айнӣ, «ин халифа бояд ал- Қодирӣ биллоҳ Аҳмад ибни Исҳоқ бинни Муқтадирии Аббосӣ бошад, ки аз соли 381 то соли 424 хилофат кардааст») гурезгоҳ пурсидааст ва барои ӯ қасидаву достони «Юсуф ва Зулайхо»-ро сурудааст. Вале ду далел инро рад мекунад. Аввалан, Фирдавсии аҷампарасте, ки дар ҳаққи арабҳои истилогар он қадар тунд сухан карда буд, ҳеҷ гоҳ ин корро карда наметавонист. Сониян, бо вуҷуди ҷо-ҷо эҳсос шудани пайи қалам ва рӯҳияи Фирдавсӣ, мутахассисон исбот кардаанд, ки достони мазкур ба ҳакими тӯсӣ рабте надорад.
Тибқи ривояти дигар, Фирдавсӣ ба Табаристон, ки ҳокимаш Испаҳбади Шаҳриёр вориси бевоситаи сосониёни бузург, дақиқан аз нажоди Яздигурд буд, фирор намуд ва «Шоҳнома»-ашро бо иловаи ҳаҷвия дар ҳаққи султон Маҳмуд ба ӯ пешкаш кард. Шаҳриёр, ки албатта аз ҳашмату азамати султон Маҳмуди «кишваркушой» бебим буда наметавонист, шоирро бовар бахшид, ки рӯзе «олампаноҳ» аз кардаи хеш пушаймон мешаваду подоши арзандаи заҳмати ӯро медиҳад. Вай олиҳимматона сад мисраъ ҳаҷвияро ба ивази сад ҳазор дирам (Маҳмуд барои кулли «Шоҳнома» шаст ҳазор дирам дода буд) харид, то онро шуста, аз хотирҳо бизудояду аз ғазаби султон Маҳмуд эмин бошад.
Ривояти дигар пешгӯии ҳокими Табаристонро паямбарона мебарорад:
гӯё султон Маҳмуд ҳангоми лашкаркашие рӯёрӯи қалъаи мустаҳкаме беилоҷ мемонаду ҷониби қалъанишинон қосиде мефиристад ва аз вазираш мепурсад, ки агар ҷавоби рад биёяд, чӣ бояд кард? Вазир бетаъхир мегӯяд:
Агар ҷуз ба коми ман ояд ҷавоб,
Ману гурзу майдону Афросиёб!

Маҳмуд аз посухи вазираш қонеъ мешаваду савол мекунад, ки ин байт моли кист? Вазир гӯё гуфта, ки «моли шоири бечорае, ки сӣ сол ранҷ бурду дар баҳояш ганҷи сазовор наёфт!» Маҳмуд, баробари ба пойтахташ баргаштан, шаст ҳазор динори ваъдагиро ба Фирдавсӣ фиристод, вале ҳангоме ки корвони зар аз дарвозаи «Рӯдбор»-и Тӯс ворид мешавад, ҷанозаи шоири бузургро аз дарвозаи «Разон» мебароранд.
Мавриди зикр аст, ки Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» борҳо аз синну соли худ ёд мекунад. Аз ҷумла:

Кунун умр наздики ҳаштод шуд,
Умедам ба якбор барбод шуд ва аз ин умри тӯлонӣ диданаш маълум мешавад.

пешина
аз 345
навбатӣ