Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Баъзеҳо, аз ҷумла устод Айнӣ синни шоирро 87 ва соли вафоташро 1020-1021 гуфтаанд.
Аз қавли сарчашмаҳои гуногун духтар ва ё хоҳари Фирдавсӣ атои султонро ба лиқояш мебахшад ва Маҳмуд мефармояд, ки ба он маблағ дар зодгоҳи шоир работи бошукӯҳе бино кунанд. Носири Хусрав дар «Сафарнома» зикри он работ кардааст: «Дар соли чорсаду сӣ ба Тӯс расидаму сарои бузурге дидам, аз молики он пурсидам, маълум шуд, ки аз силаи «Шоҳнома» бино шудааст». Ҳамин тариқ, работи Фирдавсӣ дар сари роҳи Марву Нишопур асрҳо дар хизмати мардум буд.
Боз ҳам ривоят мекунанд, ки (аз ҷумла, Давлатшоҳ дар «Тазкират-ушшуаро» оварда) шайхи мутаассиб Абулқосими Гургонӣ «бар Фирдавсӣ намоз накард, ки ӯ мадҳи маҷус гуфта. Он шаб дар хоб дид, ки Фирдавсӣ дар биҳишти адни дараҷоти олист. Аз ӯ суол кард, ки ин дараҷа ба чӣ ёфтӣ, гуфт: «Бад-он як байт, ки дар тавҳид гуфтам:

Ҷаҳонро баландиву пастӣ туӣ,
Надонам, чиӣ, ҳарчи ҳастӣ, туӣ!»

Албатта, ягон ривоят беҳадаф нест ва ин ҷо ҳам, аз як тараф, иттиҳоми рӯҳонии худкома таъкид шуда бошад, аз ҷониби дигар талқини шоирон ба тамҳиду тамҷиди ваҳдати вуҷуд ба мушоҳида мерасад.
Ривоят ривоят аст, вале дар ҳақиқат ҳакими Тӯс, ки ранҷи беназир кашиду ганҷи дилпазир ба инсоният эҳдо кард, фирдавсии воқеист ва ҷовидона дар биҳишти адни ёду хотираи миллионҳо хонандагони хеш аст. Дар бораи ин шоири бузург даҳҳо баробари асараш (ба ҳаҷм) тадқиқоту таҳқиқот ба нашр расидааст, аз рӯи «Шоҳнома» дар кишварҳои гуногун романҳо ва намоишномаҳои зиёд, силсилафилми муҳташам офарида шудаанд, соли 1934 дар саросари ҷаҳон ҳазорсолагии ҳаким Фирдавсӣ ва баъди шаст сол ҳазорсолагии шоҳасараш таҷлил ва маҳфилҳои бошукӯҳ доир гардиданд, вале бузургии шоири беамсолу асари безаволаш, ки натанҳо асосгузори адабиёти волои ватандӯстии мо, балки сарахбори шеъру достонҳои фаровони дидактикиву лирикӣ ва драмаҳои дилраси адабиёти тоҷику форс низ ҳаст, ҳанӯз ногуфта аст. Балки шукӯҳу шаҳомати воқеиашро он гуфтаҳои мозӣ дақиқ бозгӯ мекунанд. Аз ҷумла, Давлатшоҳи Самарқандӣ меорад:

Сиккае, к-андар сухан Фирдавсии тӯсӣ нишонд,
Кофирам, гар ҳеҷ кас аз мардуми фурсӣ нишонд;
Аввал аз болои курсӣ бар замин омад сухан,
Ӯ суханро боз боло бурду бар курсӣ нишонд.

Дар ҳамон «Тазкират-уш-шуаро» боз омада: «Азизе дигар мефармояд:

пешина
аз 345
навбатӣ