Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

КУШТА ШУДАНИ ЭРАҶ
БАР ДАСТИ БАРОДАРОН
Чу бардошт парда зи пеш офтоб,
Сапеда баромад, биполуд хоб,
Ду олударо дил бар ин кор гарм,
Ки дида бишӯянд ҳарду зи шарм.
1
Бирафтанд ҳарду гурозон зи ҷой,
Ниҳоданд сар сӯи пардасарой.
Чу аз хайма Эраҷ ба раҳ бингарид,
Пур аз меҳр дил пеши эшон давид.
Бирафтанд бо ӯ ба хайма-дарун,
Сухан бештар бар чаро рафту чун,
Бад-ӯ гуфт Тӯр: «Ар ту аз мо кеҳӣ,
Чаро барниҳодӣ кулоҳи меҳӣ?
Туро бояд Эрону тахти кайон,
Маро бар дари турк баста миён?
Бародар, ки меҳтар, ба Ховар ба ранҷ,
Ба сар-бар туро афсару зер ганҷ?
Чунин бахшише, к-он ҷаҳонҷӯй кард,
Ҳама сӯи кеҳтарписар рӯй кард!»
Чу аз Тӯр бишнид Эраҷ сухун,
Яке поктар посух афканд бун,
Бад-ӯ гуфт, к-«Эй меҳтари номҷӯй,
Агар коми дил хоҳӣ, ором ҷӯй!
На тоҷи кайӣ хоҳам акнун, на гоҳ,
На номи бузургӣ, на Эронсипоҳ,
Ман Эрон нахоҳам, на Ховар, на Чин,
На шоҳӣ, на густарда рӯи замин!
Бузургӣ, ки фарҷоми ӯ тирагист,
Бад-он бартарӣ-бар бибояд гирист!
Сипеҳри баланд ар кашад зини ту,
Саранҷом хишт аст болини ту!
Гурозон – хиромон; мағрурона рафтан.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё