Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Маро тахти Эрон агар буд зер,
Кунун гаштам аз тоҷу аз тахт сер,
Супурдам шуморо кулоҳу нигин,
Мадоред бо ман шумо низ кин.
Маро бо шумо нест ҷангу набард,
Набояд ба ман ҳеч дил ранҷа кард.
Замона нахоҳам ба озоратон,
В-агар дур монам зи дидоратон,
Ҷуз аз кеҳтарӣ нест оини ман,
Набошад ба ҷуз мардумӣ дини ман!»
Чу бишнид Тӯр аз бародар чунин,
Ба абрӯ ба хашм андаровард чин,
Наомад-ш гуфтори Эраҷ писанд,
На низ оштӣ назди ӯ арҷманд,
Зи курсӣ ба хашм андаровард пой,
1
Ҳаме гуфту бархост ҳазмон зи ҷой,
Зи ногаҳ баромад зи ҷои нишаст,
Гирифт он гарон курсии зар ба даст,
Бизад бар сари хусрави номдор,
Аз ӯ хост Эраҷ ба ҷон зинҳор,
«Наояд-т, – гуфт, – эч тарс аз Худой,
На шарм аз падар, худ ҳамин аст рой?!
Макуш мар-маро, к-ат саранҷоми кор
Бигирад ба хуни манат рӯзгор!
Макун хештанро зи мардумкушон,
К-аз ин пас наёбӣ худ аз ман нишон!
Маозор мӯре ки донакаш аст,
Ки ҷон дораду ҷони ширин хуш аст,
Сиёҳандарун бошаду сангдил,
Ки хоҳад, ки мӯре шавад тангдил!
Басанда кунам з-ин ҷаҳон гӯшае,
Ба кӯшиш фароз оварам тӯшае,
Ҳазмон – дар ин ҷо ба маънои ҳамон замон. Гоҳе ба маънии ҳар замон низ меояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё