Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Фурӯ бурда аз шизу сандал амуд,
Як андар дигар бофта чӯби уд.
Бад-он санги хоро нигаҳ кард Сом,
2
Бад-он ҳайбати мурғу ҳавли куном,
3
Яке кох буд, торак андар Симок,
На аз дастранҷу на аз обу хок.
Раҳи баршудан ҷусту кай буд роҳ
Даду домро бар чунин ҷойгоҳ!
Ситоишкунон гирди он кӯҳ-бар
Баромад, зи ҷое надид ӯ гузар,
Ҳаме гуфт, к-«Эй бартар аз ҷойгоҳ,
Зи равшанравону зи Хуршеду Моҳ,
Ба пӯзиш бари ту сар афкандаам,
Зи тарси ту ҷонро парокандаам.
Гар ин кӯдак аз пок пушти ман аст,
На аз тухми бадгавҳар Оҳарман аст,
Бар ин бар шудан бандаро даст гир,
Мани пургунаҳро ту кун дилпазир!
Ба раҳмат барафроз ин бандаро,
Ба ман боздеҳ пури афгандаро!»
Чу бо довар ин розҳо гуфта шуд,
Ниёиш ҳамон гаҳ пазируфта шуд.
Нигаҳ кард Симурғ з-афрози кӯҳ,
Бидонист, чун дид Сому гурӯҳ,
Ки он омадан-ш аз пайи бачча буд,
На аз меҳри Симурғ ӯ ранҷа буд.
Чунин гуфт Симурғ бо пури Сом,
Ки «Эй дида ранҷи нишему куном,
Туро парваранда яке дояам,
Ҳамат доя, ҳам нексармояам,
1
Шиз – обнӯс, дарахте, ки аз чӯби он ашёи гаронбаҳо сохта мешуд; сандал – дарахти ҳамешасабзи хушбӯю давоӣ; амуд – сутун.
Куном – лона; бошишгоҳи ҳайвонҳои ваҳшӣ.
Симок – ду ситора дар поёни бурҷи Асад; ишора аз баландӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё