Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Ниҳодам туро ном Дастони Занд,
Ки бо ту падар кард дастону банд,
Бад-ин ном чун бозгардӣ ба ҷой,
Бигӯ, то-т хонад яли раҳнамой.
Падар Соми ял, паҳлавони ҷаҳон,
Сарафрозтар кас миёни меҳон
Бад-ин кӯҳ фарзандҷӯй омадаст,
Туро назди ӯ обрӯй омадаст.
Раво бошад акнун, ки бардорамат,
Беозор наздики ӯ орамат!»
Ба Симурғ, бингар, ки Дастон чи гуфт:
«Магар сер гаштӣ ҳамоно зи ҷуфт?
Нишеми ту рахшанда гоҳи ман аст,
Ду парри ту фарри кулоҳи ман аст.
Сипос аз ту дорам пас аз Кирдгор,
Ки осон шудам аз ту душвор кор!»
Чунин дод посух, ки «Гар тоҷгоҳ
Бубиниву расми кайонӣ кулоҳ,
Магар, к-ин нишемат наояд ба кор,
Яке озмоиш кунад рӯзгор!
На аз душманӣ дур дорам туро,
Суи подшоҳӣ гузорам туро!
Туро будан эдар маро дархур аст,
Валекин туро он аз ин беҳтар аст!
Або хештан бар яке парри ман,
Ҳамебош дар сояи фарри ман,
Гарат ҳеч сахтӣ ба рӯй оваранд,
Зи неку зи бад гуфтугӯй оваранд,
Бар оташ барафкан яке парри ман,
Бибинӣ ҳам андарзамон фарри ман,
Ҳамон гаҳ биоям чу абри сиёҳ,
Беозорат орам бад-ин ҷойгоҳ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё