Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Суи Зобулистон ниҳоданд рӯй,
Назора бар ӯ-бар ҳама шаҳру кӯй.
Биороста Систон чун биҳишт,
Гилаш мушки соро буду зар-ш хишт.
ПОДШОҲӢ ДОДАНИ СОМ ЗОЛРО
Пас он гоҳ Сом аз пайи пури хеш
Ҳунарҳои шоҳон биовард пеш.
Ҷаҳондидагонро зи кишвар бихонд,
Суханҳои боиста чанде биронд.
Чунин гуфт бо номвар бихрадон,
Ки «Эй поку ҳушёрдил мӯбадон,
Чунин аст фармони бедоршоҳ,
Ки лашкар ҳаме ронд бояд ба роҳ.
Суи Гургсорону Мозандарон
Ҳаме ронд хоҳам сипоҳи гарон.
Бимонад ба назди шумо ин писар,
Ки ҳамтои ҷон асту хуни ҷигар.
Ба гоҳи ҷавониву кундоварӣ
Яке беҳуда сохтам доварӣ,
Писар дод Яздон, биандохтам,
Зи бедонишӣ арҷ нашнохтам!
Гаронмоя Симурғ бардошташ,
Ҷаҳонофарин хор нагзошташ.
Маро хор буд, мурғро арҷманд,
Бипарвард, то шуд чу сарви баланд,
Чу ҳангоми бахшоиш омад фароз,
Ҷаҳондор Яздон ба ман дод боз.
Бидонед, к-ин ёдгори ман аст,
Ба назди шумо зинҳори ман аст,
Шуморо супурдам ба омӯхтан,
Равон-ш аз ҳунарҳо барафрӯхтан,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё