Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Гиромӣ-ш дореду пандаш диҳед,
Ҳамон ройу роҳи баландаш диҳед,
Ки ман рафт хоҳам ба фармони шоҳ
Суи душманон бо сарони сипоҳ!»
Суи Зол кард он гаҳе Сом рӯй,
Ки «Доду диҳиш гиру ором ҷӯй!
Чунон дон, ки Зобулситон хони туст,
Ҷаҳон сар ба сар зери фармони туст.
Туро хонумон бояд ободтар
Дили дӯстдорон ба ту шодтар.
Калиди дари ганҷҳо пеши туст,
Дилам шоду ғамгин ба кам беши туст.
Дили равшанат ҳар чи хоҳад, бикор,
Ба ҷой ор аз базму аз корзор!»
Ба Сом он гаҳе гуфт Золи ҷавон,
Ки «Чун зист хоҳам ман эдар тавон?
Касе бо гунаҳ гар зи модар бизод,
Ман онам, сазад, гар бинолам ба дод!
Ҷудо бештар з-ин куҷо доштӣ,
Мадорам, ки омад гаҳи оштӣ!
Гаҳе зери чанголи мурғ-андарун,
Чамидан ба хоку мазидан ба хун,
Куномам нишаст омаду мурғ ёр,
Бад-он гаҳ, ки будам зи мурғон шумор.
Кунун дур гаштам зи Парвардгор,
Чунин парваронад маро рӯзгор.
Зи гул баҳраи ман ҷуз аз хор нест,
Бад-ин бо ҷаҳондор пайкор нест!»
Бад-ӯ гуфт: «Пардохтан дил сазост,
Бипардозу баргӯй, ҳар ч-ат ҳавост.
Ситорашумар, марди ахтаргирой
Чунин зад туро з-ахтари нек рой,
Ки эдар туро бошад оромгоҳ,
Ҳам эдар сипоҳу ҳам эдар кулоҳ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё