Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Чунон гашт Зол аз бас омӯхтан,
Ки гуфтӣ, ситора-ст з-афрӯхтан.
Ба ройу ба дониш ба ҷое расид,
Ки чун хештан дар ҷаҳон кас надид.
Саворӣ-ш чун он будӣ дар ҷаҳон,
К-аз ӯ достонҳо задандӣ меҳон.
Зи хубӣ-ш хира шудӣ марду зан,
Чу дидӣ, шудандӣ бар ӯ анҷуман.
ОМАДАНИ ЗОЛ БА НАЗДИ
МЕҲРОБИ КОБУЛӢ
Чунон буд, ки рӯзе чунон кард рой,
Ки дар подшоҳӣ биҷунбад зи ҷой.
Бурун рафт бо вижа гурдони хеш,
Ки бо вай яке будашон ройу кеш.
Суи кишвари ҳиндувон кард рой,
Суи Кобулу Дамбару Марғу Мой.¹
Ба ҳар ҷой гоҳе биоростӣ,
Майу рӯду ромишгарон хостӣ.
Кушода дари ганҷу афканда ранҷ
Бар оину расми сарои сипанҷ.
Зи Зобул ба Кобул расид он замон
Гурозону хандондилу шодмон.
Яке подшо буд, Меҳроб ном,
Забардасту боганҷу густардаком,
Ба боло ба кирдори озодасарв,
Ба рух чун баҳору ба рафтан тазарв,
Дили бихрадон дошт, мағзи радон,
Ду кифти ялону ҳуши мӯбадон,
2
Ҳаме дод ҳар сол бо Сом сов,
Ки бо вай ба размаш набуд эч тов,
Дамбар (Данбар), Мой – шаҳрҳо; Марғ – шаҳри Марғоб, Мурғоб.
Сов – андозе, ки феодалҳо ба шоҳ медоданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё