Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Чу огаҳ шуд аз кори Дастони Сом,
Зи Кобул биомад ба ҳангоми бом.

Або ганҷу аспони ороста,
Ғуломону ҳар гунае хоста,

Зи динору ёқуту мушку абир,
Зи дебои зарбафту хаззу ҳарир,

Яке тоҷи пургавҳари шоҳвор,
Яке тавқи заррин забарҷаднигор.

Чу омад ба Дастони Сом огаҳӣ,
Ки зебо меҳе омад андар маҳӣ,

Пазира шудаш Золу бинвохташ,
Зи оин яке пойгаҳ сохташ.

Суи тахти пирӯза бозомаданд,
Кушодадилу базмсоз омаданд,

Яке паҳлавонӣ ниҳоданд хон,
Нишастанд бар хони ӯ фаррухон,

Гусорандаи май май оварду ҷом,
Нигаҳ кард Меҳроб дар пури Сом,

Хуш омад ҳамоно-ш дидори ӯй,
Дилаш тезтар гашт бар кори ӯй.

Чу Меҳроб бархост аз хони Зол,
Нигаҳ кард Зол андар он бурзу ёл,

Чунин гуфт бо меҳтарон Золи Зар,
Ки «Зебандатар з-ин кӣ бандад камар?

Ба чеҳру ба болои ӯ мард нест,
Касе, гӯӣ, ӯро ҳамовард нест!»

Яке номдор аз миёни меҳон
Чунин гуфт бо паҳлавони ҷаҳон:

«Паси пардаи ӯ яке духтар аст,
Ки рӯяш зи хуршед некӯтар аст!

Зи сар то ба пояш ба кирдори оҷ,
Ба рух чун биҳишту ба боло чу соҷ.²

Бом – кӯтоҳшудаи бомдод.
Соҷ – дарахти баланди рост, булути ҳиндӣ.

пешина
аз 345
навбатӣ