Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Бар он суфти симин ду мушкин каманд,
Сараш гашта чун ҳалқаи пойбанд,
Рухонаш чу гулнору лаб нордон,
Зи симин бараш руста ду норвон,
Ду чашмаш ба сони ду наргис ба боғ,
Мижа тирагӣ бурда аз парри зоғ.
Ду абрӯ ба сони камони Тироз,¹
Ба рӯ туз пӯшида аз мушки ноз.²
Агар моҳ ҷӯӣ, ҳама рӯи ӯст
В-агар мушк бӯӣ, ҳама мӯи ӯст,
Сари зулфу ҷаъдаш чу мушкин зиреҳ,
Фикандаст, гӯӣ, гиреҳ бар гиреҳ.
Даҳ ангушт бар сони симинқалам,
Ба рӯ карда аз ғолия сад рақам.³
Биҳиштест сар то сар ороста,
Пуророишу донишу хоста,
Туро зебад, эй номвар паҳлавон,
Ки монанди моҳ аст бар осмон!»
Чу бишнид Зол ин суханҳо аз ӯй,
Биҷунбид меҳраш бар он моҳрӯй.
РОЙ ЗАДАНИ РӮДОБА БО КАНИЗАКОН
Чунон буд, ки Меҳроб рӯзе пагоҳ
Хиромон биомад аз он боргоҳ.
Гузар кард сӯи шабистони хеш,
Ду хуршед дид андар айвони хеш.
Яке ҳамчу Рӯдобаи хубчеҳр,
Яке ҳамчу Синдухти бо ройу меҳр.
Биороста ҳамчу боғи баҳор,
Саропой пуррангу бӯю нигор.
1
Тироз – шаҳре қадимӣ, ки бо соҳибҷамолонаш машҳур буда.
Тӯз – пӯсти дарахти сахт.
Ғолия – хушбӯӣ, аз қабили мушк, анбар ва ғайра.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё