Зеҳн
Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 345 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ки комат баромад, биорой кор,
Биё, то бубинӣ маҳи пурнигор!»

Парастанда бо бонуи моҳрӯй
Чунин гуфт, к-«Акнун раҳи чора ҷӯй,

Ки Яздон ҳар он ч-ат ҳаво буд, дод,
Саранҷоми ин кор фархунда бод!»

Ҳаме кор созид Рӯдоба зуд
Ниҳонӣ зи хешони ӯ, ҳар ки буд.

Яке хона будаш чу хуррамбаҳор,
Зи чеҳри бузургон бар ӯ-бар нигор,

Ба дебои чинӣ биоростанд,
Табақҳои заррин биперостанд,

Майу мушку анбар баромехтанд,
Ақиқу забарҷад фурӯ рехтанд,

Бунафша, гулу наргису арғувон,
Суманшоху савсан ба дигар карон,

Ҳама зарру пирӯза буд ҷомашон,
Ба равшангулоб-андар ошомашон.

Аз он хонаи духти хуршедрӯй
Баромад ҳаме то ба хуршед бӯй.

РАФТАНИ ЗОЛ БА НАЗДИ РӮДОБА

Чу хуршеди тобанда шуд нопадид,
Дари ҳуҷра бастанду гум шуд калид.

Парастанда шуд сӯи Дастони Сом:
«Чу шуд сохта кор, бигзор гом!»

Сипаҳбуд суи кох бинҳод рӯй,
Чунон чун бувад мардуми ҷуфтҷӯй.

Баромад сияҳчашми гулрух ба бом,
Чу сарви саҳӣ бар сараш моҳи том.

1
Чу аз дур Дастони Соми савор
Падид омад, ин духтари номдор

Дастон, Дастони Сом – Золи Зар, падари Рустам.

пешина
аз 345
навбатӣ