Аз силсилаи «Ҳафтахтар». Ҷилди 1

Ду беҷода бикшоду овоз дод,
Ки «Шод омадӣ, эй ҷавонмард шод!
Дуруди ҷаҳонофарин бар ту бод,
Хами чархи гардон замин бар ту бод!
Парастанда хуррамдилу шод бод,
Чунонӣ саропой, к-ӯ кард ёд.
Пиёда бад-ин сон зи пардасарой
Биранҷидат он хусравонӣ ду пой!»
Сипаҳбуд чу аз бора ово шунид,
Нигаҳ карду хуршедрухро бидид,
Шуда бом аз ӯ гавҳари тобнок,
Зи тоби рухаш сурхёқут хок,
Чунин дод посух, ки «Эй моҳчеҳр,
Дурудат зи ман, офарин аз сипеҳр!
Чи моя шабон дида андар симок,
Хурӯшон будам пеши Яздони пок,
Ҳаме хостам то Худои ҷаҳон
Намояд ба ман рӯят андар ниҳон.
Кунун шод гаштам ба овози ту,
Бад-ин чарбгуфтори бонози ту.
Яке чораи роҳи дидор ҷӯй,
Чи бошӣ ту бар бораву ман ба кӯй?»
Паричеҳр гуфту сипаҳбуд шунуд,
2
Зи сар шаъри шабгун ҳаме баркушуд,
Каманде кушод ӯ зи сарви баланд,
Кас аз мушк з-он сон напечад каманд,
Хам андар хаму мор бар мор-бар,
Бар он ғабғабаш тор бар тор-бар,
Фурӯ ҳишт гесӯ аз он кунгура,
Ба дил Зол гуфт: «Ин каманде сара!»
Ду беҷода – маҷозан ду лаб.
Шаър – мӯй.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё