АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

– Исҳоқ Табарович, то пагоҳ қарорро дар бораи кофтуков тайёр намудан лозим, – гуфт майори милиса.
– Гуфтам– ку ба ин масъала фардо бармегардем ва акнун ман дигар ба идора баргаштанӣ нестам. Ҳоло бошад шуморо ба хона таклиф мекунам?
– Тенҷӣ – мӣ?
– Ҳамон ҷо ки рафтед, мефаҳмед.
– Не, мо ин хел рафта наметавонем, – эътироз кард Акбаршоҳ.
– Гўш кунед Акбаршоҳ, имрўз мо бояд якҷоя дар сари як дастурхон нишаста, муваффақияти корамонро қайд намоем, ба фикрам дар кушодани ин гиреҳи ҷигил аз ҳардуи мо Сафарҷон саҳми бештаре гузошт. Ва мувафаққияти шогирд ин пеш аз ҳама маҳсули меҳнати устод аст. Ба ҳамин муносибат шогирду устодро ба зиёфат даъват мекунам. Бигузор илми юриспруденсия ҳамеша кадрҳои баландихтисосро ба саҳна биёрад. Хайр чӣ истодаем? Рафтем! – Рафтем, – гўён Акбаршоҳ аз ҷой бархост.
Сафар ҳам аз ҷой бархост…
Баъди зиёфат Акбаршоҳу Сафар хело дар кўчаҳои шаҳр пиёда қадам зада, аз ҳавои зебои баҳорӣ ҳаловат бурданд. – Набошад, биёед ба хона равем, хобгоҳи донишҷўӣ гурехта намеравад?
– Ташаккур. Бояд ба хобгоҳ равам, – гуфт Сафар ва сари роҳ баромада, таксиеро манъ карду ба Абдумаҷидов шаби хуш орзу намуд.
… 36 …
Муфаттиш нисфи рўзро ба пурсиши Давронов сарф кард, вале бенатиҷа. Давронов аз нишондоди пештара калимае зиёд нагуфт. Шаби аввали дар зиндон гузаронидааш ўро аз дирўза дида ботамкинтар намуда буд.
Ў тутивор такрор мекард, ки ангуштаринро ба маблағи ҳазор доллар бо шахси ношиносе фурўхтааст ва аз пули он ҳатто тангае намонда… Муфаттиш ба хулосае омад, ки аз пурсиши минбаъда ҳам гумонбаршуда дар бораи ангуштарин маълумоте нахоҳад дод.
Аз ин рў Табаров қарорро дар бораи гузаронидани кофтуков дар манзили Давронов имзо гузошта, худи ҳамон лаҳза розигии прокурорро гирифт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё