Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар нимаи дуюми рўз ҳайати гурўҳи тафтишотӣ Давроновро дар иҳотаи ду милиса ба автомашина шинонда, барои кофтуков роҳи манзили ўро пеш гирифтанд. Ҳамроҳи онҳо таҷрибаомўз Сафар Ислом ҳам ба мошин нишаст…
Чун мошин дар пеши хонаи Давронов истод ва гурўҳи тафтишотӣ аз он берун омаданд, ду ҷавони дар бар либоси ғайринизомӣ ба назди онҳо омада, яке ба Абдумаҷидов бо овози бурро гузориш дод, ки дар вақти навбатдориашон ягон нафар ба хонае, ки онҳо дар зери назорат доштанд, таваҷҷўҳ зоҳир накардааст.
– Бисёр хуб, акнун ду нафарро ёфта, ба сифати шахси холис ба хонаи Давронов даъват кунед.
– Хуб шудааст, рафиқ майор, – гўён ҳарду аз пайи иҷрои амр шуданд.
Давроновро аз дари қафои мошин фароварданд, ки дастонаш бо завлона маҳкам карда шуда буданд. Ҳамсояҳо ўро дар ин аҳвол дида, ангушти ҳайрат мегазиданд. Вай ёрои ба чашми ҳамсоягон нигаристан надошт. Бо сари хам дар иҳотаи ду милиса ба тарафи хонааш ҳаракат кард…
Ҷамол Давронов дар хонаи се ҳуҷрадор зиндагонӣ доштааст. Дар рафҳои ҷевон китобҳои нодир ва сангҳои гуногуни ҳар хела гузошта шуда буданд. Дар болои ҳар санг, дар варақаҳои ялақосии хурд маълумотнома оид ба таърихи санг ширеш карда шуда буд. Дар пеши рафи китобҳо инчунин ду расми алоҳида – алоҳидаи як ҷавонмарду як духтар монда шуда буд ва аз чеҳраашон пай бурдан душвор набуд, ки ҳарду ҳам фарзандони соҳибхонаанд.
Ду хонаи дигар бо қолину мебел ҷиҳозонида шуда буданд.
Дар хонае, ки ҷойи хоби Давронов буд, аквариуми зебое, ки ба ҷараёни барқ пайваст карда шуда буд, меистод. Дар дохили он, дар гирди сангҳои гуногун ва обсабзаҳо моҳичаҳои хурдакаке дар талоши зиндагӣ ҳаракат доштанд, ки дар рушноии чароғи барқӣ як шукўҳи тозаеро дар замири тамошобин бедор мекарданд…
Хонаҳо тозаю озода буданд. Ҷамол Давронов чӣ дар хона ва чӣ дар зоҳир ғуборе надошт. Кас ҳатто ба гўши хотир ҳам оварда наметавонист, ки бо ҳамин дороӣ ў баднафсӣ карда, ба хуни ду нафар зомин шудааст…

пешина
аз 416
навбатӣ