Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Ин барои ман аҳамият надорад. Ҳар чанд ин ҷо тифл бегуноҳ аст, вале бигузор ҳамон маккора ўро тарбия кунад… – Пасту баландиҳои зиндагиатонро хуб медонед. Он чи ки ба Замира рух дод ин аз тақдир аст, ҳар чанд дар қонун чунин навиштаҷот нест.
– Дар ин бора ман бо шумо баҳс кардани нестам, рафиқ майор, аммо ҳаминро гуфтаниям, ки дар марги Замира гуноҳи ман аз гуноҳи Давронов кам нест.
– Чӣ хел?
– Агар ман мафтуни ҳусну ҷамоли ин Зулхумори сабукпой намешудаму муҳаббати оилавиро ақалан то давраи ҷудошавӣ пос медоштам, эҳтимол чунин ҳодиса рух намедод… – Саволе то кунун барои мо муаммо мондааст, – гуфт Акбаршоҳ.
– Хуш…
– Мо ҳеҷ нафаҳмидем, ки дар он субҳи 25 феврал Замира чӣ хел дар наздикии Ипподром пайдо шудааст.
– То ба наздикӣ ман ҳам дар чунин андеша будам, вале акнун фаҳмидам, ки ҳақиқати ҳол дар куҷо будааст. Ана, ин мактубро хонед, гуфт Каромат мактубро аз киссаш бароварду ба дасти Акбаршоҳ дода илова кард:
– Ин мактубро хушдоманам, модари Замира овардааст, ки як моҳ пеш аз ин фоҷеа Замира ба он кас фиристода будааст. Акбаршоҳ ба хондани мактуб сар кард. «…Модарҷон, ҳоло шўълаи ишқ дар хонадони мо рў ба хомўшавист. Ҳар чанд ин бароям душвор аст, вале аз тақдир ҷойи гурез нест.
Каромат дар ин ҷо гуноҳе надорад ва гунаҳкори асоси дар надоштани фарзанд ин манам. Духтурон инро борҳо ба ман гуфтаанд. Ҳоло, ки Каромат бо Зулхумор ном духтаре пинҳонӣ вомехўрад, ин аз як ҷиҳат хуб аст. Мегўянд, ки Зулхумор ҳомила аст. Азбаски Каромат аз ман бахт наёфт, бигузор бахташро бо Зулхумор бинад. Ба хотири оне, ки ў понздаҳ соли умрашро бо ман гузаронд, ман тамоми хонаву дарро бо ҳама чизу чораам дар ноҳияи Варзоб барои ў мемонам. Ҳоло ман дар шаҳр, дар наздикии Ипподром, кўчаи Ҳосилот хонаи як ҳуҷрадор харидаам ва баробари ба дунё омадани тифли Зулхумору Каромат бе ягон ҷангу ҷанҷол ба ҳамин хона мекўчам… Шуморо мебўсам, модарҷон! Бо эҳтиром духтаратон Замира, 30 январи соли 199…»

пешина
аз 416
навбатӣ