АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Акбаршоҳ мактубро боли миз гузошта гуфт, ки афсўс занеро бо чунин дили бузург аз ин дунёро бурданд.
Ҳама бо ишораи тасдиқ сар ҷунбонда хомўш буданд.
Акбаршоҳ суханони Зеборо ба ёд овард: «Ў ба нохуни пойи Замира намеарзад». Ва баъди каме сукут гуфт:
– Хайр, Худо ҷояшро ҷаннат кунад.
Дигарон низ бо ишора инро ҷонибдорӣ карданд. Боз хеле суҳбат намуданд ва Каромат бо онҳо худоҳофизӣ карда, аз дар берун шуд…
Баъди лаҳзае онҳо ҳам якҷоя берун баромаданд.
– Ба куҷо меравем? – пурсид Исҳоқ Табаров.
– Ба ошхона, – гуфт Акбаршоҳ.
– Рафтем, – гуфт муфаттиш ва ҳарсе ба тарафи Боғи марказӣ қадам ниҳоданд…
Бегоҳӣ Акбаршоҳ ба аёдати кампири Маҳин, бибии Насиба рафт ва баробари торик шудан ба хона омад. Ин аввалин шабе буд, ки баъди якуним моҳ ў ором хобид…
ҲОДИСАЕ ДАР
БЎСТОНСАРО
ҚИССА
Сорбони Ҳомид баробари садо додани занги соат чун ҳаррўза яку якбора аз ҷой парида нахест. Машқи пагоҳирўзӣ он тараф истад, ҳатто нияти ба ошхона рафта, чой монданро ҳам накард. Болои бистар аз ин паҳлў ба дигар паҳлў тоб хўрда, воқеаи шаби гузаштаро пеши назар овард…
Ў ҳамчун аъзои гурўҳи фаврии тафтишотӣ ба ҷойи ҳодисабўстонсарои директор заводи шарбатбарории шаҳр, ки дар гўшаи ноҳияи Сарчашма воқеъ гардидааст рафт.
Марди тахминан бисту ҳашт – сӣ солае дар даромадгоҳи бўстонсаро онҳоро интизор буд. Дар пеши бўстонсаро автома– шинаи «ГАЗ–24»–и рангаш сиёҳ меистод. Ў автомашинаи аз дур омада истодаро дида, даст бардошт, ронанда автомашинаро зуд боздошт.
– Шумо телефон карда будед?– пурсид сардори гурўҳи тафтишотӣ муфаттиши прокуратураи ноҳияи Сарчашма Холмурод Зарифӣ.
– Ҳа, бале.
– Чӣ ҳодиса шудааст?
– Нафареро куштаанд…
Ҳама аз автомашина фаромада, ҳамроҳи пешвозгиранда, ки худро Ғиёс Назаров муаррифӣ кард, ба тарафи бинои рў ба рў ҳаракат карданд.
Бўстонсарои директори заводи шарбатбарорӣ аз бўстонсароҳои дигари дар ин минтақа фарқе дошт ё не ў фаҳмида натавонист, чунки ҳама ҷо дар оғўши зулмот буд. Ҳанўз вақти аз машина фаромадан касе аз нишастагон вақтро пурсид.
Ронанда, сержанти милиса Умед Ёров маҷбур шуд, ки чароғҳои хомўшкардаи машинаро аз нав фурўзон карда, ба онҳо посух диҳад:
– Соат 23. 28 дақиқа,– гуфт ронанда.
Аз пеши дарвоза то бино роҳрав бетонӣ буд, ки ин дар рўзҳои борон рафтуомадро ба бўстонсаро осонтар месохт.
Чароғи барқӣ базўр пешгоҳи биноро мунаввар месохт. Дигар дар гирду атроф равшание ба чашм намерасид.
– Дар дохили бино чароғ нест?– пурсид муфаттиш.
– Ҳаст, вале дар тарафи муқобил, ман ба ягон чиз даст нарасонидам,– гуфт Назаров.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё