Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Ба ту боз як моҳ муҳлат,– гуфт падар. – Агар худат номзадии арўсатро пешниҳод накунӣ, мо худамон ин масъаларо дида мебароем. Модарат, аллакай, як духтари зеборо таги чашм кардааст.
– Кӣ будааст он духтар?
– Духтари Қодир.
– Умеда?
– Ту ўро аз куҷо мешиносӣ?
Тахминан ду ҳафта пеш аз ин гуфтугў ҳангоми дар рухсатии меҳнатӣ дар деҳа будани Сорбон ҳамроҳи додараш Наҷиб ба хонаи амааш мерафт. Нохост аз гардиши роҳи паҳлўи қабристон духтараке чун моҳи мунир баромад. Ў ки ғарқи андешаҳои худ зери лаб барои фотеҳа хондан дар манзили хомўшон сураеро аз Қуръони маҷид қироат мекард ба сухани Наҷиб ки «Сорбон ба ин духтарак нигар, шояд маъқулат шавад» гўш дода, саросемавор омин гуфта даст ба рўй кашиду аз куҷо омадани духтарро пурсид.
Шояд дар макону манзили дигар мешуд, духтар ҳам дигар хел ҷавоб медод, вале ў дид, ки ин ҷавон ба хотири гап паррондан яку якбора зуд омин гуфт, бо қаҳр нигариста:
– Кори ту чӣ,– сахт карда гуфт духтар ва гузашта рафт.
– Аз рўйи ту шуда…
– Ман гуфтам нигоҳ кун. Ту бошӣ гап паррондӣ, – паст наомада гуфт Наҷиб.
Ў лаҳзае аз қафои духтар наззора намуд, вале духтар ба қафояш нигоҳ накарда, аз гардиши пеши бинои шўъбаи алоқа тоб хўрду аз назар ғоиб шуд.
– Оҳҳо, зангир нестию ҳушат рафт–ку?
– Ин духтари кӣ?
– Духтари Қодир.
– Номаш чист?
– Умеда.
– Номи зебо.
– Худаш чӣ?
– Худаш ҳам.
Ҳарчанд Наҷиб ба акааш қавл дод, ки дар ин бора ба касе даҳон намекушояд, вале охири охирон ба модараш гуфт…

пешина
аз 416
навбатӣ