АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

– Ҳа, канӣ гап зан аз куҷо ўро мешиносӣ? – гуфтани падар ўро аз банди андешаҳои минбаъда берун овард.
– Як– ду ҳафта пеш ҳамроҳи Наҷиб ўро дар роҳ дида будем.
– Ин ҳамааш кори Наҷиб гўй, аз дасти ў ҳар шухӣ меояд.
– Не, дадаҷон, мо нохост дар роҳ бо Умеда рў ба рў омадем ва ў ҳамаи саргузашти он рўзаро нақл кардааст.
– Ҳоло аз суханони Умеда хафа шудам гўй.
– Ҳа, дадаҷон.
– Агар ба гапи ин маҳмадонои Наҷиб гўш намекардию ба роҳат мерафтӣ чунин посух ҳам намегирифтӣ.
– Охир, ман пурсидам, аз куҷо омадӣ?
– Ва ў ҳам ба посухат ҷавоб дод, пас чӣ ҷойи хафа шудан?
Охир мулоимтар карда гап мезадӣ намешуд? Агар сухани дурушт ҳам гуфта бошад чӣ хубе. Чунки ту лейтенанти калон ҳам шуда бошӣ, то ҳоло ақлат дар ҷояш надаромадааст, вагарна ҳеҷ гоҳ ба духтар дар ҳузури дигар кас (ҳарчанд бародарат ҳам бошад) гап намепартофтӣ. Оё нашунидаӣ, ки гуфтаанд:
Андоза нигаҳ дор, ки андоз накўст,
Ҳам лоиқи душман асту ҳам лоиқи дўст.
– Ҳақ ба ҷониби падар аст,– аз дил гузаронд ў ва дар истгоҳ фаромад…
… 3 …
Ғиёс Назаров пас аз гусели кормандони милиса ба хонааш нарафт. Ў кайҳо хомўшшавии алангаи муҳаббатро дар оила ҳис карда буд. Ҳамсараш Сабринисо, ки аз оилаи ашрофзодагон (ў худро ҳамин хел муаррифӣ мекард) буд, ҳамеша ёдовар мешуд, ки онҳо аз табақаҳои гуногунанд ва ҳамаи ин давлату савлаташон аз ҳисоби падарарўс аст. Ғиёс танҳо ба хотири ягона фарзандаш Баҳодур, ки риштаи зиндагии онҳоро мепайваст, то ҳанўз ба суханҳои намакини зани ашрофзодааш тоқат мекард.
Ў чун ронанда борҳо салони машинаро ҳамчун хонаи хоб истифода бурда буд ва имшаб ҳам машинаро ки дар пеши бўстонсаро меистод аз ҷояш наҷунбонда, чун ҳамешагӣ дароз кашид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё