АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Зиндагии хешро пеши назар оварда ба хулосае омад, ки ҳамаи бадбахтиҳои ба сараш омада аз пос надоштани нону намаки дигарон аст.
Ў ки аз падару модар барвақт ятим монда буд, меҳру шафқатро чун афсона мепиндошт. Боре ў собиқ директор Архангелскийро ба хонаи як дўсташ ба меҳмонӣ бурд.
Аниқтараш зодрўзи духтари дўсти Сергей Павлович будааст.
Соҳибхона марди ниҳоят хоксор буд, ки ба ҷону ҳоли Сергей Павлович намонда, ўро маҷбур сохт, ки ронандаашро низ ба хона таклиф кунад. Онҳо вориди ҳавлии калоне шуданд.
Мардуми бисёре ҷамъ шуда, зодрўзи духтари соҳибхона Сабринисоро қайд мекарданд. Ҳарчанд ў дар либоси оддӣ буд, вале фаҳмид, ки соҳибҷашн аз ҳама беш ба ў нигоҳ мекунад.
Сабринисо ягона духтари хонадон буда, хело эркатулфор буд.
Посе аз шаб гузашта буд, ки меҳмонон азми рафтан карданд. Бо супориши Сергей Павлович ў ду бор меҳмононро ба автомашинаи хизматиаш шинонда ба хонаҳояшон бурд.
Маълум буд, ки ҳамаи онҳо ашрофзодаанд. Ниҳоят бори сеюм ў Сергей Павло–вичро гирифта, ба хонаш бурд ва фаҳмид, ки падари Сабринисо собиқ корманди ҳукумат будааст. Аз байн як ҳафта нагузашта, ҳангоми аз завод баромадан ў духтаракеро дид, ки даст бардошт. Чеҳраи духтар ниҳоят ширин тофт, вале ба ёд оварда натавонист, ки ў кист. Ба ҳар ҳол автомашинаи то ҳанўз суръат нагирифтаро нигоҳ дошт ва духтарак бе ягон истиҳола дари қафоро кушода дохили автомашина шуд.
Вай ки баъзан дар лаҳзаҳои холигӣ бо рухсати директор ба кўча баромада, барои худ чойпулӣ кор мекард, чун ҳамешагӣ гуфт:
– Хуш, то куҷо барам?
– То хонаатон.
Аз шунидани ин суханон ба тааҷҷуб афтода, ба тарафи қафо нигарист. Дар рў ба рўяш ҳамон духтараке менишаст, ки як ҳафта пеш дар зодрўзаш иштирок карда буд.
– Ин шумо?
– Ҳа, бале.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё