Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар интиҳо муайян кард, ки Сабринисо Аловуддиновна дар завод дугонаи наздике дорад бо номи Рухсора. Аз рўйи гуфти ҳамкорон сабаби ба завод ба кор омадани Сабринисо низ ҳамин Рухсора, ки ҳамкорон ўро Раксана мегўянд, будааст.
Вале соате пештар Рухсора аз фалокати ба сари дугонаша омада огоҳ шуда, барои таъзия ба хонаи онҳо рафтааст.
Дар бораи ишқи Назарову Сабринисо касе ҳам ҳарфе нагуфт. Вале ў як чизро майян кард: Кабиров бо тавсияи собиқ директор ба кор омад, ҳарчанд он вақт барои ҷойи директорро гирифтан дасту остин барзадагиҳо зиёд буданд, вале директори собиқ то вазорат давутоз намуда, инженери бехатарӣ Кабировро ки на дониши дуруст ва на истеъдоди фавқулода дошт, ба ҷойи худ шинонда, сипас ба нафақа рафт…

… 7 …

Аз хулосаи ташхиси судӣ – тиббӣ бармеомад, ки Файзуллоева Сабринисо Аловуддиновна тахминан соатҳои 21 30 – 22
00 дақиқаи рўзи 28 апрел аз гирифтани зарбаи сахт дар сараш ба ҳалокат расидааст. Дар бадани мақтул ягон намуди дигари аломатҳои зўроварӣ дида нашуд.
– Маълум мешавад, ки зарба чунон ногаҳонӣ будаст, ки мақтул ҳатто имконияти ҳимояи хешро ҳам наёфтааст,– гуфт муфаттиш.
– Рафту қотил бо мақтул шиноси дерина бошад – чӣ?
– Чӣ хел шинос?
– Тасаввур кунед, ки нохост шахсе пайдо шудааст, ки Файзуллоева ўро нағз мешинохтааст. Шояд онҳо борҳо дар бўстонсаро ё ҷойи кор вохўрда бошанд. Маҳз аз ин рў Файзуллоева хатареро ҳис накарда аст ва ё баръакс маҳз шахси воридшуда ҳеҷ гумон надоштааст, ки дар он ҷо шинос ва ё ҳамкораш Файзуллоеваро мебинад ва аз чунин лаҳзаи дидор даступо хўрда, барои фош нашудани сирраш бо асбоби дар дасташ буда, ба сари ў зарба задаст,– гуфт Сорбони Ҳомид.
– Ва чунин шахс кист?

пешина
аз 416
навбатӣ