Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Дар лаҳзаи аввал Назаров, дар лаҳзаи дуюм ягон ҳамкори дигараш, ки аз сафари Кабиров ба Исфара бохабар будааст.
Мирзоев, ки то кунун хомўшона ба баҳси Сорбони Ҳомид ва Зарифӣ гўш медод гуфт:
– Аз куҷо чунин худбоварӣ? – Агар Назаров гунаҳкор мебуд, ҳеҷ гоҳ ба милиса занг намезад ва шояд ў аз ягон телефони дигар ба милиса занг задааст.
– Рафиқ капитан, ба фикри шумо розӣ шуда наметавонам,– гуфт ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ.
– Сабаб?
– Азбаски дар он ҷазираи бефарёд (мавзеи бўстонсароҳо) ҳамагӣ се нуқтаи телефон мавҷуд будааст ва Назаров инро бояд медонист, ў маҳз аз ҳамин телефони бўстонсарои директор занг задааст.
– Пас чаро нақши ангуштонаш дар гўшаки телефон нест ё илми дактилоскопия ба таназзул рў ниҳодааст?
– Шукри худо, ки илми дактилоскопия чун ҳамаи соҳаҳои дигар рў ба тараққиёт дорад ва ба фикри ман дар аввал Назаров нияти аз ҷойи ҳодиса ғайб задан доштааст, вале дар интиҳо баъди телефон намудан ягон фикре ба сараш омадаву аз райъаш гаштааст.
– Ба фикрам дар чунин ҳолат як назарияро дошта истодан кифоя нест.
– Албатта.
– Пас чӣ бояд кард?
– Маро як чиз ором намегузорад.
– Гап зан.
– Чаро қотил аз ҳама бештар ба китобхона ва китобҳо таваҷҷўҳ зоҳир намудааст?
– Аз рўйи расмҳо ва санади азназаргузаронии ҷойи ҳодиса бармеояд, ки дар меҳмонхона ва хонаи хоб, ки Файзуллоева маҳз дар ҳамон ҷо ба қатл расонида шудааст низ чунин бесарусомонӣ дида мешавад.
– Вале дар кабинети директор, ё чӣ хеле гуфтем, китобхонаи ў ин манзара бештар ба чашм мерасад.
– Ақидаи Шумо?

пешина
аз 416
навбатӣ