АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

– Канӣ он кас?
– Сари субҳ омада буд ва ман дар куҷо буданатонро гуфтам, вай бошад ҳатто хайрухушро ҳам нася гузошта рафт.
– Меояд?
– Намедонам.
Ў рост ба кабинети кориаш рафта, говсандуқро кушода, папкаи тунукеро ки дар болояш «Парвандаи ҷустуҷўи оид ба марги шаҳрванд Файзуллоева С. А.» навишта шуда буд, ба даст гирифт ва ба курсӣ нишаста, ба хондани коғазҳои дохили он пардохт…
… Ҳа, Сабринисо худаш гуфт, ки боре шабона вақте ман аз зинаҳо ба боло мебаромадам, Кабиров ба куҷое занг зада, нисбат ба кадом як расме гап мезад.
– Не, ман аниқ гуфта наметавонам, вале худораҳматӣ дар ақидае буд, ки Кабиров ба воситаи он расм, шахси дар дигар тарафи сим бударо тарсонданӣ будааст.
– Шояд гуфтаниед, ки касеро шантаж мекардааст?
– Ман ин тавр гуфта наметавонам, охир, он чӣ ки ман гуфтам, ин танҳо шуниди ман аст. Азбаски дар бўстонсаро ҷисми беҷони дугонаамро ёфтанд, лозим шумурдам, ки суханони кайҳо гуфтаи Сабринисоро ба шумо гўям, ҳарчанд ман намедонам, ки он суханҳо дар кушодани ин куштор ба шумо ёрӣ медиҳанд ё не…
Ў нишондоди Давидоваро ба ҳоли худ гузошта, ба андеша фурў рафт…
– Наход Кабиров? Не, ин ҳеҷ мумкин нест. Охир Назаров то лаҳзаи охирини парвоз дар фурудгоҳ будааст, ё ў бо парашут худро ба поён партофтааст. Шояд ҳамчун Арнолд Шварснегер…
Ҳарчанд ў интизор шуд Кабиров наомад. Бегоҳӣ чун ҳамаи дигар кормандон барои нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ баромад…
… 10 …
Елена Александровна тайи чанд рўзи охир ҳеҷ шавҳарашро фаҳмида натавонист.
– Боз чи балоят зад, ки мўҳри хомўшӣ ба лаб задӣ?– шиква кард зан.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё