Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Чунки ту озод будӣ, дасти Валяро мегирифтию ба хона меовардӣ, дигар падару модарат ҳам чизе гуфта наметавонистанд, охир рўйи одамизод ширин ва боз чун Валентина соҳибҷамолро, магар кас аз хона пеш мекунад? Вақте ки бори аввал тую Валя бо соядаст расм фиристодед, падару модарат аз бахти хеш болиданд, дилашон аз фараҳ лабрез шуд, вале…
– Чаро суханатро дуздидӣ?
– Шайтон дар миёна даромаду русдухтарро дар назди волидайнат сиёҳ кард.
– Мебинам, ки худат ҳам ҳатто хато мекардаӣ–ку.
– Чӣ хел хато, дар кадом масъала?
– Дар масъалаи шайтон.
– Чӣ магар ҳамин тавр нест?
– Албатта не.
– Пас, чӣ тур аст?
– Аввалан ин ки шайтон ба дину диёнат кордор нест. Ва сабаби муқобилияи падару модари ман, масъалаи динӣ набуд.
Онҳо мехостанд, ки аз диёри худ барои писарашон келин интихоб кунанд. Шояд дар ин ҷо шайтон нею баъзе нотавонбинон онҳоро аз роҳ бароварда бошад. Дуюм, дар деҳаи дурдасти кўҳистон омадани як намояндаи миллати дигар ин баробари ба подаи якранг омадани гови алост.
– Фарқаш чӣ, нотавонбину бадгўй ҳам бачаи шайтон аст.
– Акнун чӣ мешавад?
– Ҳеҷ гап не, дарё маҷрояшро дигар намекунад.
– Пас, Шарифа чӣ мешавад?
– Беҳтараш ўро ба ҳоли худ гузоред.
– Не, ман то аз забони худи ў ягон сухан нашунавам, барои тўй розигиамро намедиҳам ва ин дафъа қарори ман қатъист.
Он чунонест, ки дигар ҳеҷ «прокуроре» ба бекор кардани он қодир нест…
– Мумкин–мӣ? – гуфтани касе ўро аз байни андешаҳо берун овард.
– Марҳамат дароед, – гуфт ва сар бардошта дар рў ба рўяш Ғиёс Назаровро дид.
… 19 …

пешина
аз 416
навбатӣ