Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дилаш ҳеҷ ором нагирифт. Наход дар бораи расм ў хабар дошта бошад. Шояд дар омади гап гуфта бошад. Не, не ин ҳеҷ мумкин нест. Пас, ў дар ин бора аз куҷо медонад? Шояд онҳо аллакай Сергей Павловичро ҳабс карда бошанд. Не, не, агар вайро ҳабс мекарданд, магар ўро осуда мегузоштанд? Ҳикмати халқӣ «то шамол набошад, шохи дарахт намеҷунбад» худ аз таҷрибаи рўзгор оварда шудааст ва Худо медонад, ки ин ҷо чӣ сиррест!
– Сирри ғайбро ба ҷуз офаридгор кӣ медонад?
– Ман гумон мекардам, ки ту аз ҳама кор бохабарӣ.
– Гумонҳои беасос, охир ман ҳам як узви ҷудонашавандаи вуҷуди туям, агар қуввае медоштам, кайҳо аз чунин ҷисми дурўя бадар мерафтам. Ҳайҳот, ки «Гўштро аз нохун ҷудо кардан ғайри имкон аст» ва ман ҳам бо амри офаридгор дар чунин вуҷуди нопок тоқат карда истодам.
– Пас, ин ҳама нолаю фиғон аз баҳри чист?
– Чу узве ба дард оварад рўзгор, Дигар узвҳоро намонад қарор…
– Чаро дигар ҳама узвҳо хомўшанд, ба ҷуз худат. Маро борҳо шантажист гуфта маломат кардӣ. Вале худ исёнгарӣ.
– Охир ҳар киро баҳри коре офариданд ва бо амри худои мутаъол назорат аз болои виҷдон, ки он аз як гўшаи имон аст ба зиммаи каминаи камтарин гузошта шудааст.
– Ҳоло гуфтании ки милисаӣ?
– Не, ман аз он мартабаи баландтаре дорам, охир дар байни милисаҳо чун ту барин бевиҷдонҳо кам нестанд.
– Ман ҳеҷ гумон надоштам, ки дар байни ҳомиёни қонун ҳам бевиҷдонҳо ҳастанд.
– Албатта, гул бе хор нест. Хушбахтона, чунин шахсони бевиҷдон, ки ҳамтабақи туянд ангуштшуморанд.
– Дар бораи милисаи имрўза чӣ ақида дорӣ?
– Ором шав, ў ҳамтабақи ту нест ва рўзе мешаваду туро ба маҳкама мекашад.
– Ҳамеша чу занбўр неш мезанӣ.
– Ҳарчанд туро ҳушдор месозам, вале аз райъат нагашта боз бо роҳи каҷ равонию равон.
– Бисёр кўшидам, вале натавонистам.
– Чӣ илоҷ:

пешина
аз 416
навбатӣ