Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

«Он чӣ ки ба шир дар бадан рафт, Он гоҳ биравад, ки ҷон зи тан рафт».
– Акнун чӣ мешавад?
– «Ҳеҷ кишт то кунун бе дарав намонда»…
Дар зоҳир Назаров ҳарчанд худро бепарво вонамуд сохтанӣ буд, вале ин аз чашми бинанда пинҳон намонд.
Сорбони Ҳомид дар як нигоҳ ба сохтакории Назаров, ки дар назар худро ором нишон додан хост огоҳ гашт. Ба нигоҳи тези милисионер тоб наоварда, ў ба фарш чашм дўхт.
– Марҳамат, гузашта шинед, – курсиеро нишон дода гуфт соҳиби кабинет.
– Боз манро ҷеғ задед коғази чорқатшудаеро ба дасти соҳиби утоқ дод Назаров.
– Чӣ метарсед?
– Не, вале шумо ба фикрам аз ман гумонбаред.
– Ин фикр чӣ хел ба саратон омад?
– Охир, шумо вазифадоред ҳамаи онҳоеро ки бо Файзуллоева шиносанд гумонбар шавед ва нигоҳи сардатон худ шаҳодати ҳамин аст.
– Қариб ҳамин хел. Охир аз рўйи вазифа мо бо муаммоҳое рў ба рў мешавем, ки кушодани гиреҳ ба манфиати баъзеҳо нест.
– Ба фикрам на ҳама гиреҳро кушодан муяссаратон мегардад, охир дузд ҳам Худо мегўяду соҳиби гов ҳам.
– Метавонед осуда бошед, ин дафъа мо, албатта, гиреҳи ин муаморо мекушоем.
– Гўшам ба шумо, модоме ҷеғ задед, албатта, ягон гапе ҳаст.
– Мехостам фаҳмам, ки оё шумо дар бўстонсарои Кабиров ягон бор ҳайкалчаи биринҷӣ дида будед?
– Ҳайкалчаи Кутузовро?
– Ҳа.
– Ҳайкалча ниҳоят зебо буд. Сарлашкари бузургро болои асп тасвир карда буданд.
– Бори охирон кай онро дидед?
– Ҳамон шаби наҳс. Дар ошёнаи дуюм, ман аввал ба кабинети кории директор даромадам ва як бесарусомониеро дидам. Ҳайкалча болои мизи корӣ меистод. Аслан ў дар ҷойи асосиаш не, балки дар як гўшаи миз аз тарафи дар амонат гузошта шуда буд.

пешина
аз 416
навбатӣ