Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Ягон касро дар гирду атроф надидед?
– Не, не.
– Чӣ хел шуд, ки бо маҳбубаи шефатон дил бастед? Аслан рафтори шуморо ба ҷуз кўрнамакӣ дигар хел арзёбӣ кардан мумкин нест.
– То кадом андозае гапи шумо ҳам дуруст, вале дар ин ҷода на ман балки худи Сабринисо қадами аввалин гузошт.
Шумо ҷисми беҷони вайро бо сару рўйи хунолуд дидед. Агар ўро пештар медидед...
– Фаҳмо!
– Бори дигар ҳамон ҳайкалчаро ба ёд биёр?
– Гуфтам-ку баробари ба кабинети кории директор, ки ба ҷустуҷўи Сабринисо баромада будам, даромадан замон чашмам ба ҳамон ҳайкалча бархўрд.
– Чӣ хел шуду он дар ёдат монд?
– Аслан Қамар Абдулғаниевич онро ҳамеша дар байни мизи кориаш мегузошт ва умуман ин як одат шуда буд, вале он шаб ман ҳайкалчаро дар як лаби миз дидам ба замми ин тамоми ашёҳо аз ҷумла китобҳо парешон партофта шуда буданд.
– Ба фикри шумо Қамар Абдулғаниевич дар байни китобҳо ягон хазина дошт?
– Ба гумон аст.
– Дар бораи муносибати шумо бо Файзуллоева директор хабар дошт?
– Не, мо ниҳоят эҳтиёткор будем.
– Дафъаи гузашта ёдовар шудед, ки шуморо собиқ директор барои Кабиров ба мерос монда… Умуман дар бораи собиқ директор чӣ ақида доред?
– Сергей Павлович марди хоксоре буд. Табиатан ў орому ботамкин буд. Ба зердастон муомилаи хуш дошт. Умуман дипломати боистеъдод буд.
– Кабиров чӣ?
– Қамар Абдулғаниевич характеран аз он зотҳоест, ки шиорашон «Гўр сўзаду дег ҷўшад»… Ҳамаи даву този чунин зотҳо баҳри нафъи бештаре аз зиндагӣ гирифтан аст. Барои ба мақсади хеш расидан чунин шахсон аз ягон чиз рўй намегардонанд.

пешина
аз 416
навбатӣ