АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Фикр мекунанд, ки ба ҷойи онҳо бояд дигарон ҷавоб диҳанд…
– Аҷиб…
– Чияш?
– Характеристикаи ба шеф додаат.
– Ман асли воқеаро гуфтам.
– Оё аз муносибати шумо ва Файзуллоева ягон кас хабар дошт?
– Намедонам, вале ўро дугонаест бадният, шояд ба вай дар ин бора ягон гап гуфта бошад, вале ман дар ин бора ҳатто бо пўшоки танам гап назадам.
– Ному насаби дугонааш?
– Насабашро намедонам, номаш Рухсора.
Лейтенанти калон ба даъватномаи Назаров имзо гузошта, онро ба дасташ дода гуфт:
– Агар лозим шавад, боз ҷеғ мезанем.
– Маро айбдор карданиед?
– Ҳоло чизе гуфта наметавонам, ҳамаашро рафти тафтишот ҳал мекунад.
Пас аз рафтани Назаров, Сорбони Ҳомид ба Зарифӣ занг зада хабар дод, ки аз рўйи мантиқ Назаровро ба ҳалқаи гумонбаршудагон дохил кардан нашояд.
– Суханатон қатъист… Агар рафту…
– Шуморо фаҳмидам, агар рафту аз тафтишот пинҳон шавад, ман ҷавобгариро ба зимма мегирам ё не?
– Ҳамин хел.
– «Таваккал нар бувад андеша мода» – ба ҷавобгарии интизомӣ кашидани ман беҳ аз он аст, ки шахси бегуноҳеро ҳабс кунӣ.
– Охир, мо бори аввал ўро ба муддати се шабонарўз ҳабс мекардем, дар ин муддат агар ягон далел ба муқобилаш дастрас намекардем, боз сар медодемаш.
– Албатта, узр ҳам мепурсидем.
– Бе ин намешавад.
– Узри бадтар аз гуноҳ ба кӣ лозим?
– Хафа нашавед беҳтар мешуд, ки шумо ба адвокатура мегузаштед, охир наход милиса шуда…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё