Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Сатторӣ ба саволи Абдумаҷидов нисбат ба зиндагии оилавии Зубайдов чунин посух дод:
– Нигоҳдорандаи муҳаббат дар хонадон ин пеш аз ҳама фарзанд аст. Фарзанд пойдории оила шуда метавонад. Азбаски дар хонадони Каромат Зубайдов садои ҷунбиши гаҳвора ва аллаи модар танинандоз нашуд, шўълаи ишқ дар хонадонашон рў ба хомўшӣ ниҳод ва то он ҷойе, ки ман медонам, вақтҳои охир онҳо муносибати сарде доштанд. Аммо Каромат ба ин ваҳшоният даст надорад. Ба ҳар ҳол ҳамаи ин овоза аст ва шахсан ман ба ин овозаҳо бовар намекунам.
– То шамол набошад, шохи дарахт наменҷунбад ва ҳар як овоза ҳам дар худ заррае ҳақиқат дорад, ҳамин тавр нест? – гуфт Акбаршоҳ.
– Шояд.
– Сарҳади давлатиро баста мешаваду забони бадгўёнро не.
Ана ҳамин бадгўён мегуфтанд, ки Каромат, ба он зан бо хотири дороияш хонадор шудааст. Он вақтҳо чунин корҳо хеле кам ба назар мерасид. Ман шахсан ҳеҷ боварам намеояд, ки ҷавони бистсола ба зани бевамондаи бисту ҳаштсола издивоҷ кунад.
Акнун боз овозаҳо пайдо шудааст, ки Зубайдов бо духтари аз худаш понздаҳ сол хурд алоқа дорад ва мақсади ўро ба қайди никоҳаш даровардан дорад…
Дар нимаи дуюми рўз Абдумаҷидов ба ШКД омад.
Навбатдор хабар дод, ки аз субҳи содиқ то ҳозир сардор ўро суроғ дорад. Акбаршоҳ ба ошёнаи дуюм набаромада, ба тарафи рост тоб хўрд ва рухсат пурсида вориди утоқи кории сардор шуд.
– Дар куҷо мегардед?– айнакашро аз чашм гирифта пурсид Додарбеков.
– Аз пайи супориши Шумо ба ноҳияи Варзоб рафта будам.
– Кадом супориш?
Абдумаҷидов ҷавоби хабарномаи дирўз аз ноҳияи Варзоб гирифтаашро ки Додарбеков дар як гўшаи он «Санҷида бароед» навишта буд, аз ҷузъгирааш гирифта болои мизи кории сардор гузошт. Додарбеков айнакашро бори дигар ба чашм гузошта ба мактуб назар кард…
– Бисёр хуб. Акнун бигўед, ки мақтул чӣ гуна шахс будааст…

пешина
аз 416
навбатӣ