АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Акбаршоҳ ба курсӣ дурусттар нишаста, оид ба «дастовардҳои» шабонарўзӣ охир ба сардор маълумот дода гуфт:
– Ана, ҳамин хел рафиқ подполковник, он маълумоте, ки то ин соат ба даст дорем ҳамааш ҳамин, акнун моро лозим аст, ки аз рўйи маълумотҳои ба даст омада ба плани корҳои таъҷилию ҷустуҷўӣ назарияҳои эҳтимолии иловагиро дохил намоем. Шумо дар ин бора чӣ ақида доред?
– Ба фикри ман роҳзанӣ дар ҳодисаи мазкур нест.
– Ақидаатонро тарафдорӣ мекунам, боз чӣ?
– Ягона шахсе ки дар ин ҳодиса ман гумонбар мешуморам, ин Зубайдов аст. Ҳамаи фактҳо ба муқобили ўянд. Худатон тақозо кунед, ки ҷудо шудан аз Замира ин нисфи бойгарии хешро аз даст додан аст. Шахсияти он духтареро, ки ба Зубайдов дил додааст, муайян кардед?
– То ҳозир не.
– Зубайдов дар ин бора ягон чиз гуфт?
– Не, дар ин бора ман аз забони сарвари идора Сатторӣ шунидам.
– Ҳарчи ҳам набошад, талафоти Зубайдов кам нест ва то санҷидани ҳамаи тарафҳои масъала ўро ба ҳоли худ монед.
– Исбот кардани дараҷаи бегуноҳии Зубайдов ба худи ў вобаста аст ва касе аз ў бештар ба тафтишот ёрӣ дода наметавонад.
– Мефаҳмам, вале мо тарзе бояд амал кунем, ки худи Зубайдов ба ёрии тафтишот шитобад…
Вақте ки Зубайдов ба мурдахонаи шаҳрӣ омад, дар даромадгоҳи бино Акбаршоҳ ва як шахси ношиносро дид, ки ба тарафи ў ду – се қадам пештар омада, барои вохўрӣ даст доданд.
– Ин кас муфаттиши прокуратура Исҳоқ Табаров, ҳамроҳашро муаррифӣ кард Абдумаҷидов.
– Ман Каромат Зубайдов.
Ҳар се вориди бино шуданд. Марди хилъати сафедпўше, ки омадани онҳоро интизор буд, ҳарсеро ба хонае даровард.
Дар болои мизи мармарин ҷисми беҷони шахсе мехобид, ки болояш бо сўфи сафед пўшонда шуда буд. Ў сўфи сафедро каме аз болои сари мақтул бардошт.
– Ҳа, худашон, – гуфт Зубайдов.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё