Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Қамар Абдулғаниевич онҳоро дидан замон аз ҷояш бархоста, чанд қадам ба истиқболашон гузошт ва даст ба вохўрӣ дароз карда, гуфт ки ба назди лейтенанти калон омадааст.
– Маро бубахш, дирўз камтар тез шудам.
– Боке нест, вале бояд шуморо муфаттиш Зарифӣ пурсад, бинобар ин аз шумо хоҳиш мекунам, ки ба прокуратура равед.
– Мебинам, ки аз суханони ман ранҷидаед.
– Ҳаргиз ин тавр нест. Ҳодисаи дар бўстонсарои шумо рухдода аз рўйи тобеият ба прокурор тааллуқ дорад ва худи парвандаи ҷиноятӣ аз рўйи ин ҳодиса дар дасти муфаттиши прокуратура Холмурод Зарифӣ мебошад.
– Пас шумо чӣ кор мекунед?
– Мо корҳои ҷустуҷўйӣ мебарем. Ба зами ин боз корҳое ҳастанд, ки санҷиши онҳоро қонун ба зиммаи мо гузоштааст.
– Пас кай ба назди шумо биёям?
– Агар лозим шавед, шуморо ҷеғ мезанем. Онҳо ҳарду дар пеши бино ҷудо шуданд. Сорбони Ҳомид вориди бинои милиса гашт ва Кабиров ба тарафи прокуратураи ноҳияи Сарчашма роҳ пеш гирифт…
… 23 …

Мардихудо Амрихудоев баъди рухсатии меҳнатӣ дирўз бо дили гарм ва як қувваи тозае ба кор шурўъ кард. Баъди тановули нисфирўзӣ, вақте ки ў ба пункти такягоҳи ҷамъиятӣ омад, дар назди дар Зинаида Митрофановна Хазинаро дид.
– Ҳа, Зинахола аз куҷо?
– Туро ёд кардам бачам.
Амрихудоев Зинаида Митрофановнаро ба кабинети кориаш даъват кард. Аслан дар милиса нозири минтақавӣ масъулияти баланд дорад, вале танҳо қисми хурди онҳо дар дилу дидаи мардум ҷо мешаванд. Чунин шахсон ҳамеша дар ғаму шодии мардуми минтақаи ба онҳо вобасташуда шариканд. Боре Хазина дар бораи писараш Даниэл, ки бо гурўҳи бекорхўҷа ва қартабозон ҳамроҳ шуда буд арз кард.
Капитани милиса Амрихудоев тавонист, ки Даниэлро ба роҳи рост ҳидоят намояд ва бо ёрии ў Даниэл дар заводи оҳану бетони шаҳр ба кор даромад.

пешина
аз 416
навбатӣ