АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

– Мегўянд, ки шўхӣ умрро дароз мекунад, вале ман барои дигар кор занг задам. Амрихудоев оид ба суҳбати чанд лаҳза пештар бо Хазина доштааш ба Мирзоев хабар дод.
Мирзоев нозири минтақавиро гўш карда гуфт:
– Муши парронро дар рўшноӣ ҷустан бефоида. Барои ҳамин шабона ба манзили Малсагова якҷоя ташриф меорем.
Чун соати вохўриро дар пункти такягоҳи ҷамъиятии рақами 5 муайян карданд, Амрихудоев гўшакро ба ҷояш гузошт.
– Албатта, бе далели асосӣ, ки мушҳои паррон ба хонаи Малсагова омадаанд ё не ташрифи кормандони милиса натиҷае намедод, баръакс Фотима Малсагова ва меҳмонони ўро эҳтиёткор месохт. Ин буд, ки нозири минтақавӣ ҳангоми хайрухуш бо Хазина аз ў хоҳиш кард, ки баробари пайдошавии меҳмонони Малсагова ба ў ба ҳамин пункти такягоҳи ҷамъиятӣ ё бо телефони 02 ба милиса занг занад.
Амрихудоеву Мирзоев ҳарду дар як вақт ба ШКД– и ноҳияи Сарчашма ба кор омада буданд. Ҳарчанд пештар ҳамдигарро намешинохтанд, вале дар давоми кори якҷоя чандин ҷиноятҳои вазнинро ошкор сохтанд. Дар милиса мегуфтанд, он ҷое ки Мирзоеву Амрихудоев якҷоя рафтанд, ҷинояткорро роҳи халосӣ нест. Ва имрўз низ Амрихудоев маҳз барои ҳамин ба Мирзоев занг зад, чунки ў нисбат ба Хазина як эҳтироми беандоза дошт. Зинаида Митрофановна ҳамеша ростию – росткориро мепарастид ва ҳеҷ гоҳ ба касе тўҳматро раво намедид.
Соати 19 ў бо дружиначиёни халқӣ инструктаж гузаронида, онҳоро ҳамроҳи милисионерони хизмати патрулӣ барои нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ ба кўча гусел намуд. Худаш бошад ба санҷиши арзу шикояти шаҳрвандон, ки дар давоми рўз ба милиса ворид шуда буданд пардохт.
Онҳое ки бо даъватнома ба назди нозири минтақавӣ меомаданд, вақти зиёде сарф намекарданд, чунки Амрихудоев ҳамаро дар вақту соати муайян даъват мекард. Соатҳои бисту як ба пункти такягоҳи ҷамъиятӣ лейтенанти калони милиса Сорбони Ҳомид омад.
– Шефатро наовардӣ? – пурсид нозири минтақавӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё