Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бо амри муфаттиш Сорбони Ҳомид ба навбатдор занг зада гуфт, ки протоколҳои нигоҳдориро гирифта ба назди ў биёяд.
Баъди лаҳзае нозири навбатдор капитани милиса Хучаков рухсат пурсида, вориди кабинети кории ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ шуд. Муфаттиш протоколро бо нишон додани таърихи рўз ва соати ҳамон лаҳзаина дар ду қисм пур карда, ба Зубайдов рў оварда гуфт:
– Аз ҳамин лаҳза тафтишот шуморо ба муддати се шабонарўз ё 72 соат дар зери назорати милиса мегирад. Агар дар ҳамин муддат дараҷаи гунаҳкорӣ ё бегуноҳиатон исбот шавад, тафтишот чораи пешгирифтаи худро тағйир медиҳад.
– Яъне чӣ хел?– пурсид Зубайдов.
– Агар бегуноҳ бошед, вале ин ба гумон аст, чунки шумо аллакай дар ҷинояте ҳамиштирокчӣ ҳастед…
– Охир, ман, аллакай, ба шумо гуфтам–ку дар ин ҳодиса ман гуноҳе надорам.
– Пинҳон кардани ҷиноят ва ба зами ин нарасонидани ёрӣ ба шахсе ки ҳаёташ дар хатар аст, ин худ ҷиноят аст ва ҳаминаш басанда аст, ки мо шуморо ба муддати се шабонарўз ин ҷо нигоҳ дорем.
– Охир ман дар ин бора намедонистам,– худро сафед карданӣ шуд Зубайдов.
– Надонистани қонун шахсро аз ҷавобгарӣ озод намекунад,– гуфт муфаттиш ва амр кард, ки ўро баранд. Баъди оне ки Хучаков ва Зубайдов баромаданд муфаттиш гуфт, ки барои оғоз крадани парвандаи ҷиноятӣ ҳамаи асосҳоро мебинад ва аз папкааш ду бланкаи махсусро гирифта, қарорро дар бораи оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ дар мошинкаи чопӣ навишта, имзо кард.
Дар қабулгоҳ шаҳрвандон Сабуров ҳамроҳи Малсагова ва Аршиева менишастанд. Милисионери қаторӣ Ҳабибов онҳоро назорат мекард. Бо супориши навбатдор ёрдамчиаш Қаландаров Сабуровро ба ошёнаи дуюм ба кабинети кории ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ Сорбони Ҳомид бурд. Чун муфаттиш ба пурсиши Сабуров пардохт барои тезонидани кор Сорбони Ҳомид ба ошёнаи якум фаромада, дар худи кабинети қабули шаҳрвандон ба пурсиши Малсагова оғоз кард ва Аршиеваро то анҷоми суҳбат ба шўъбаи навбатдорӣ фиристод.

пешина
аз 416
навбатӣ