Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Баръакс шодам ва аз ин ҷо як таассуроти хубе бо худ мебарам.
– Инашро Худо медонад.
– Чӣ гуфтаниед?
– Ба фикрам Сабуров ва Зубайдов ҳарду ҷиноят содир карданд ва аз эҳтимол дур нест, ки шуморо ҳам ҳамчун шарики хеш ба ин варта тела диҳанд.
– Ман аз ҳеҷ гуна ҳарактаи ғайриқонунии онҳо хабар надорам.
– Инро рафти тафтишот муайян мекунад.
– Боз чӣ хел тафтишот, охир барои «меҳмоннавозии»
дишабаатон мо ҳар кадоме ба хазинаи давлат бисту се сўми роҷеулнақд, аллакай, супоридем боз аз мо чӣ мехоҳед?
– Ба ҷуз ҳақиқат, ба мо чизе лозим нест.
– Ҳақиқат, ҳақиқат гуфта мешинед, шахсан шумо аз ман чӣ мехоҳед?
– Донистан мехоҳам, ки шаби 28– ум ба 29– уми апрел Сабуров ва Зубайдов ҳамроҳи шумо буданд ё не. Агар онҳо ҳамроҳи шумо буданд, кай ба хона омаданд ва агар не, сабаби наомадани хешро ба шумо чӣ хел фаҳмониданд?
Зуҳро Маҳмадовна хело ба андеша фурў рафта ниҳоят ба сухан даромада гуфт:
– Шаби 27 ва 28 –уми апрел Сабуров ва Зубайдов дар хона набуданд. Ману Фотима то посе аз шаб гузаштан онҳоро интизор шудем, вале аз онҳо на пай буду на ҳайдар. Авзои Фотима ҳам беҷо буд. Ниҳоят соатҳои бисту чор мо хоб шудем.
Тахминан соатҳои яки шаби 29 апрел Тоҳир ва Олим ҳам омаданд.
– Гўед, ки онҳо бо худ ягон чиз оварданд ё не?
– Инашро ман намедонам, чунки дарро ба рўйи онҳо Фотима кушод, ман бошам дар меҳмонхона хоб будам.
– Оё шумо напурсидед, ки онҳо дар куҷо буданд?
– Пурсидам. Олим гуфт, ки бегоҳӣ як сари қадам ба хонаи як дўсти Тоҳир даромаданд ва ў онҳоро ба ҷону ҳолашон намонда роҳ гирифтааст.
– Ман ҳеҷ нафаҳмидам, ки чӣ хел таърихи 28– ум ба 29– уми апрел ҳамин хел нағз дар ёди шумо мондааст.

пешина
аз 416
навбатӣ