Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Аз кист?
Ў ҳамоно хомўш буд. Ин ҳолат ғазаби модарро бештар кард магар, ки ба рўйи духтараш торсаки обдоре фаровард.
– О, лаънатие, акнун мо дар байни ҳақу ҳамсоя чӣ хел сар боло мекунем? Кани гап зан!
…
Занги телефон ҳеҷ хомўш нагашт ва модар маҷбур шуд, ки гўшакро бардорад.
– Гўш мекунам.
– Зулхумор ҳастанд.
– Кӣ мепурсад?– ғазабашро фурў нишонда пурсид модар.
– Ҳасан.
– Нестанд, чӣ гўям?
– Гўед, ки занг занад.
– Рақами телефонатон?
– Зулхумор медонад.
Ў гўшакро ба ҷояш гузошта, назди духтараш, ки сархам меистод омада пурсид.
– Ҳасан кист?
– Як шиносам.
– Аз ў ҳомила шудӣ?
– Не.
– Гап зан, қоил шав, чаро ба даҳон об гирифта шиштай?
Зулхумор ҳамоно хомўш буд…

… 9 …

Як рўз баъд аз ҷаноза Каромат ба милиса омад. Умуман, дар давоми ду– се рўзи охир ў хело лоғар шуда буд. Чашмонаш хаста, риш нотарошида. Акбаршоҳ ба пиёлае чой рехта наздаш гузошт. Каромат як қулт чойро нўшида, ба қавле каме ҳам бошад асабашро ором кард ва ниҳоят ба сухан даромад.
– Ҳеҷ гумон надоштам, ки рўзе ба милиса меоям ва боз ба сифати гумонбар…
– Шуморо ба ин ҷо ба сифати шоҳид даъват намудем, – сухани ўро бурида гуфт Абдумаҷидов.
– Фарқаш чӣ, – бепарвоёна гуфт Каромат
– Фарқаш аз замин то осмон.

пешина
аз 416
навбатӣ