Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Ягон каси дигарро гумонбар шудаед?
– То ҳоло не.
– Ана, дидед боз мегўед, ки маро ба сифати шоҳид даъват намудаед.
– Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба ҷаҳон. Танҳо ростӣ метавонад шуморо аз ин варта раҳонад.
– Ба гумон аст, ки ман аз суҳбати онрўза бештар чизеро илова карда тавонам.
– Он рўз мо ҳамин хел бе протокол суҳбат кардем.
– Ба фикри Шумо протокол шакли суҳбати моро дигар мекунад?
– Не, вале суҳбати моро ба расмият медарорад.
– Набошад ман тайёр.
Абдумаҷидов қисми аввали протоколро ки аслан аз ному насаб, сол ва ҷойи таваллуду зист, ҷойи кору мансаб иборат буд, пур карда дар асоси қонун барои надодани нишондоди бардуруғ Зубайдовро огоҳ намуд ва ҳатто имзои ўро дар ҷойи зикршудаи протокол гирифта, сипас онро болои миз гузошт ва хоҳиш кард, ки оид ба воқеаи рухдода ҳарчи медонад нависад.
Каромат ҳар он чӣ дар дилаш буд, рўйи коғаз овард.
Танҳо баъди ин Абдумаҷидов саволҳои хешро ба протокол навишта, ҷавоби хаттии онҳоро аз шоҳид талаб кард.
Каромат лаҳзае аз навиштан бозистода гуфт:
– Мебахшед, он рўз ман каме асабӣ шудам ва ба Шумо дурўғ гуфтам.
– Чиро?
– Дар ҳақиқат шаби 24 ба 25 феврал ман дар хона набудам.
– Пас дар куҷо будед?
– Дар шаҳр.
– Аниқтараш.
– Як сол боз як рафиқам ба командировкаи дарозмуддат ба хориҷа рафтагӣ, нигоҳу бини хонаро бошад ба зимаи ман гузоштааст. Он шаб ман дар ҳамон ҷо будам.
– Кӣ инро тасдиқ мекунад?
– Ҳамон шахсе ки ҳамроҳи ман буд.
– Ному насабаш.
– Аслан, ман мехоҳам, ки ин пинҳон монад.
– Ба гумон аст.

пешина
аз 416
навбатӣ