АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

… Тахминан як моҳ пеш ў ба хонаи холааш Зайнаб, ки дар кўчаи Сурхоб воқеъ гардида буд, рафт. Ташрифи ў ба рўзе рост омад, ки ҳамсояи холааш (шахсе, ки имрўз бо ариза ба милиса омада буд) Зайниддин Авазов тўйи писаронашро медод. Тоҳир борҳо ба хонаи холааш рафта буд ва Зайниддинро мешинохт ба хонадони Авазов рафт ва соҳибҷашнро ба тўй табрик карда, чун хеши наздики соҳибхона ба хизмати меҳмонҳои омада пардохт.
Азбаски хонадони холааш ба хонаи Авазов қаробати дўстӣ доштанд, соҳибхона барои дар тўйи фарзандонаш хизмат кардани ҷияни ҳамсоя, ки борҳо ўро дида буд, монеъ нашуд.
Хизматгор дар давоми тўй имконияти пурра ёфт, ки ба кию чӣ будани соҳибтўй дурусттар шинос шавад. Маҳз дар ҳамин тўй ў суханони маҳбубааш Фотима «хочешь жить умей вертится» – ро ки яку ним ду моҳ пештар шинос шуда буд, ба ёд овард. Баъди рафтани меҳмонон ва анҷоми тўй дар ҷобаҷокунии анҷомҳои хона ба ў муяссар шуд, ки аз бандчаи калидҳо калидеро аз қулфи англисӣ, ки дар дари даромадгоҳ шинонда шуда буд, ба киса занад.
Чун дар бандча боз ду калиди ҳамин хела буд, гум шудани як калид баъдтар ба чашми соҳибхонаҳо як ҳодисаи муқаррарӣ намуд ва онҳо барои иваз кардани қулфи дари даромадгоҳ чорае наандешиданд. Охир аксар вақт дар тўй чӣ чизҳое гум мешавад, вале ҳамаи ин муҳити тўёнаи хонадонро вайрон намекунад. Гумшавии калиди имрўза ҳам тез аз хотирҳо фаромўш гашт.
Бегоҳии рўзи панҷшанбе ў аз кор баргашта холааш Зайнабро дид, ки ба аёдати модараш омада буд. Дар рафти суҳбати кўтоҳмуддат дар сари дастурхон аз аҳволи саломатии ҳамсояи холааш Авазов ва фарзандони ў пурсон шуд.
– Фардо онҳо ба Кўлоб мераванд. Рўзи якшанбе додари завҷааш арўс меовардааст.
Суханони холааш чун садои форами мусиқӣ дар гўшаш садо доданд ва аз дил гузаронд, ки дар ҳафтаи охир ў суханеро форамтар аз ин нашунида буд. Худи ҳамон шаб оид ба ин масъала бо Малсагова суҳбат кард, чунки ҳамеша дар он ақида буданд, ки ҷомаи бомаслиҳат кўтоҳ намеояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё