АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

– Ман, аллакай, даъфаи гузашта ба шумо гуфтам, ки муносибати ману Сабуров дўстона аст ва бадбахтии кори ман дар ин аст, ки ўро аз тахти дил дўст медорам. Азбаски дар айни ҳол ман маҳбубаи ўям наметавонам аз ў ҳисобот талаб кунам, ки ў чаро шаб наомад ва ба шумо ваъда медиҳам, ки агар Худо насиб кунаду бахт ба рўям хандад, яъне агар дар дили ў хоҳише пайдо шаваду маро ба никоҳи қонунии хеш дарорад, дар он сурат ҳангоми шабҳо ба хона наомаданаш ҳисоботи ўро талаб мекунам ва дар бораи ҳар як ҳаракати ў, ки дилхоҳи ман нест, албатта, ба шумо хабар медиҳам. Танҳо инро ба он хотир мекунам, ки ў ба роҳи каҷ нараваду ман бева монам.
– Ман ба бепарвоӣ ва хунсардии шумо ҳайронам,– коғазро болои миз гузошта гуфт Сорбони Ҳомид. – Охир наход одам бо тақдири хеш бозӣ кунад. Мо тамоми чораҳоро андешидем ва ба шумо имконият додем, ки андаке ҳам бошад гуноҳи хешро сабук кунед, вале мебинам, ки худи мо ба хато роҳ додем.
Ў аз папкаи дар пешаш буда нишондоди Сабуровро ба дасташ дода гуфт:
– Марҳамат шинос шавед.
Фотима Малсагова ба мутолиаи нишондоди дилдодааш, ки ўро марди ҷасур тасаввур мекард сар кард. Сорбони Ҳомид дигаргунии куллиеро дар симои гумонбаршуда Малсагова мушоҳида намуд ва аз дил гузаронд, ки акнун сар мешавад.
Таҷрибаи чандсолаи корӣ дар милиса ўро бо бисёр ҳодисаҳо рў ба рў намуда буд, ки ҳар кадомеро дарси ҳаёт метавон номид.
Занҳо бисёр нозуканд ва дили ҳасос доранд. Соҳиби утоқ ба Малсагова имконият дод, ки бори дигар ҳамаи тарафҳои зиндагии хешро пеши назар биёрад. Ў ҳатто баъди мутолиаи нишондоди Сабуров яку якбора чизе напурсид. Фотима дуюмбора чашм ба нишондоди дилдодааш дўхт. Ў аз он дар шигифт буд, ки ба дугонааш Зўҳро гуфта буд:
– Небеспокоися парны очень крепкие и они в обиде нас не дадуть.
Ана ёбу гир. Ин лаънатӣ ба ҷойи он ки мани муштипарро ҳимоя кунад, баръакс аз ман қаҳрамон сохтааст. Чӣ номардие.
Дар як мижа задан ў ҳаёти семоҳаи охирашро ки бо Сабуров пайвастагӣ дошт пеши назар овард:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё