Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ў ҳамон хел хастаю маҳзун ба курсии ноҷунбон нишаста зиндагии хешро пеши назар овард…
Ҳанўз ба мактаб нарафта буд, ки падару модараш ҷудо шуданд. То кунун сабаби ин ҷудоиро ў яктарафа мефаҳмад, чунки модараш ҳамаи гуноҳро ба гардани падараш бор мекунад. Чи хеле буду чӣ хеле набуд онҳо аз шаҳраки Кизлар боз ба Орҷоникидзе баргаштанд. Мактаби миёнаро дар Орҷоникидзе тамом карда, бо Руслан Аббосов ном ҷавон издивоҷ кард.
Азбаски Руслан одами ҳарбӣ буд, ўро барои хизмат ба яке аз қисмҳои низомии округи ҳарбии байрақи сурхдори Осиёи миёна фиристоданд. Ҳамин тавр ў сокини шаҳри Душанбе гашт.
Дар Душанбе зимистонеро паси сар кард ва зимистонҳои қаҳратуни Орҷоникидзеро пеши назар овард. Дар ҳақиқат ин манзил биҳишти рўйи замин будааст, – аз дил гузаронд ў. Чун ҳама наберагони бобои Одам ва Момоҳаво дар ҳамин биҳишт шайтон ба дилаш ҷо карду ишқи марди таҳҷойиеро ки мудири мағозаи молҳои саноатӣ буд, дар дилаш ҷой дод. Онҳо муддате пинҳонӣ вомехўрданд ва ў ҳатто лаҳзае наандешид, ки аз Аббосов кўдаки яксола дорад. Азбаски он субҳ шавҳараш чун ҳамешагӣ ба навбатдорӣ рафта буд ва то субҳи дигар бояд намеомад, ў савдогарро ба хонааш таклиф кард. Албатта, Расули яксола барояш ҳеҷ монеае набуд, чунки ишқи савдогар чунон дар мағзу устухонаш шишта буд, ки на танҳо аз бандагони осӣ, балки аз офаридгор ҳам шарм надошт. Соати дуи шаб шавҳар аз кор баргашта ўро ҳамроҳи марди бегона дид. Ҳарду дилдодаро чунон ба зери мушту лагад гирифт, ки то гўр он зарбаҳоро аз ёд нахоҳад бурд.
Чун хонаҳо соҳавӣ буданд, ў ва Расули яксола бе сарпаноҳ монданд. Сипас, бо савдогар издивоҷ кард ва баъди ду сол ишқашон пир шуду аз ҳам ҷудо шуданд. Ин дафъа ҳарчанд аз савдогар меросхўреро ба дунё наовард, вале хонае барояш ба мерос монд…
Шавҳари сеюмаш ҳам барояш бахт наовард ва баъди ҷудошавӣ чанд муддате ба тақдири бади хеш лаънат хонд. Вале ҳамаи ин танҳо ними бадбахтӣ буд ва бадбахтии азиме, ки дар зиндагиаш табадуллоти бузургеро ба вуҷуд овард ин рафтани ҷигарбандаш Расул буд. Тайи ду сол мешавад ки Расул ҳамроҳи падараш Руслан Аббосов зиндагӣ дорад.

пешина
аз 416
навбатӣ