АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

– Наход?
– Ў сардии оташи зиндагиро ҳис мекард, вале худро бой намедод.
– Ягон дугонаи наздик дошт?
– Дар ҳамсоягӣ не. Аз ҳамсояҳо канораҷўӣ мекард ва баъзан онҳоро ҳасуд ҳам мегуфт. Боре ин тахминан як сол пеш буд, он вақт ман ҳатто ба Зулхумор шинос нашуда будам гуфт, ки ҳамсояи дасти рост ўро таъна карда гуфтааст, ки «Ҳайфи ҷавонмард, ки умри худро бо ту зойъ намудааст».
– Умуман?
– Дар шаҳр Зебо ном дугонае дорад. Дар комбинати бофандагӣ кор мекунад. Ҷойи истиқоматашро намедонам. Ман борҳо аз Замира талаб кардам, ки муносибаташро бо Зебо канад, вале ў аз дугонааш дил канда натавонист. Ҳарчанд Зебо ба хонаи мо дигар намеомад, аммо муносибати онҳо идома дошт.
– Чаро шумо дугонаи ҳамсаратонро бад дидед?
– Якум ин ки ў ҳамсину соли Замира набуд. Дуввум дар забонаш ба ғайр аз калимаи пул ва роҳи ба даст овардани он дигар сухане намегашт. Ба фикрам то андозае ин ба Замира низ таъсир карда буд.
– Ҷойи зисташ?
– Гуфтам– ку намедонам. Вале фаҳмидам, ки чандин бор Замира дар хонаи ў меҳмон шудааст.
– Аз куҷо фаҳмидед?
– Замира мегуфт, ки ҳайфи ту ки ба кулбаи фақиронаи Зебо рафтанро нанг медонӣ, ана, ман имрўз он ҷо будам.
– Дар хусуси муҳаббати аввалатон чӣ гуфта метавонед?
Дар бораи муҳаббати ману Замира фикру ақидаҳои мухталифе мавҷуданд, вале дар асл ҳеҷ кадоме аз онҳо ба ҳақиқат рост намеояд.
– Чӣ хел?
– Ба ақидаи мардум гўё ман ба Замира не, балки ба мероси аз собиқ шавҳараш монда дил баста, бо мақсади ғаразнок ба ў хонадор шуда бошам. Муҳаббат сину сол ва миллату мазҳабро намепарастад. Инро ман исбот кардани ҳам нестам. Аммо агар муҳаббати ман самимӣ намебуд, магар понздаҳ сол бо ў зиндагӣ мекардам?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё