Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Чаро?
– Чунки тафтишот на як бору ду бор ўро даъват мекунад ва шумо алиби* худро ба воситаи нишондоди ў мустаҳкам карда метавонед.
– Охир ман ин ҷо гуноҳе надорам, наход ба ман бовар накунед.
– Ман бовар кардам, вале фикри ман дар рафти тафтишот қувваи ҳалкунанда надорад.
– Пас ман чӣ кор кунам?
– Ному насаби онеро ки пинҳон доштанаш мехоҳед ошкор кунед.
– Чӣ илоҷ ман розӣ, вале коре кунед, ки то як даври муайян падару модараш нафаҳманд.
– Ваъда намедиҳам, вале кўшиш мекунем.
– Ташаккур.
– Ному насабашон?
– Зулхумор ном дорад. Ҳамсояҳо ва ёру дўстонаш ўро Зуля меноманд. Фамиля ва номи падарашро рости гап напурсидам.
– Ақалан суроғаашро медонед?
– Суроға ва рақами телефони хонаи падарашро медонам.
– Пас ягон бор бо телефон ба падару модараш гапзанон накардаед?
– Не.
– Набошад ўро чӣ хел ҷеғ мезанед?
– Аз овозаш мешиносам, агар рафту дигар кас гўшакро барораду гап занад, гўшакро мемондам. Инчунин аксари вақт Зулхумор худаш ба ҷойи корам занг мезанад.
– Аз ҳодисаи рухдода ў хабар дорад?
– Не.
– Муносибати Шумо?
– Ман нияти ўро ба никоҳи худ даровардан дорам.
– Худораҳматии ҳамсаратон инро медонист?
– Намедонам.
– Чӣ хел?
– Вақтҳои охир дар байни ҳамсояҳо овозаҳо паҳн шуда буд, вале Замира ягон бор маро дар ин бора напурсид.
*Алиби – ҳангоми ҷиноят дар ҷойи дигар будани айбдоршаванда, ҳамчун далели бегуноҳии ў.

пешина
аз 416
навбатӣ