Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Соҳибхона директорро ба бўстонсаро пурра шинос кард.
Махсус китобҳои нодир ва ҳайкалчаи биринҷии Михаил Илларионович Кутузов ки болои мизи кории Кабировро зеб медод, дар ёди ў то кунун нақш бастааст.
Албатта, ба бўстонсаро пиёда рафтан ғайриимкон буд.
Автомашинаи шахсии худаш бошад таи чанд рўзи охир дар таъмир, вақт бошад интизор намешавад…

Фикри равшанбин амалро раҳбар аст,
Чун дарахти барқ пеш аз тундар аст.

Ва ниҳоят фикре ба сараш заду ҳалли ин муамморо низ ёфт.
Бе дўст зиндагӣ муҳол аст гуфтагӣ барин Сергей Павлович ҳам дўстони қадрдон дошт. Ҳарчанд онҳо ангуштшумор буданд ҳам, вале буданд. Яке аз онҳо Вениамин Владимирович Гербахт дарвозаро ба рўйи дўсташ кушода, ўро ба хона таклиф кард.
Сергей Павлович ҳамоно ба сари мақсад омада, автомашинаи дўсташро пурсид.
– Ҳамин ҳам гап шуд – мӣ, Сергей Павлович агар занг мезадед, ман худам онро то пеши хонаатон меовардам, вале ҳоло шуморо ҳамин хел ҷавоб намедиҳам.
Сергей Павлович сухани дўсташро нашикаст ва ба дерии вақт нигоҳ накарда, сари дастурхони ба шарофати ў ороста, то соати 22 30 дақиқа бо ҳамроҳии Вениамин Владимирович Гербахт суҳбат кард.Ниҳоят ў азми хонаравӣ кард ва Гербахт калидҳои автомашинаи шахсиашро ба дасти ў дода, барояш роҳи сафед ва шаби хуш орзу кард.
Соати 23 14 дақиқа автомашинаи ВАЗ – 2107 дар пеши бўстонсарои Кабиров истод. Гурўҳи назоратӣ ҳарчанд бо таҷҳизоти назоратӣ шабона таъмин набуд, вале бе душворӣ фаҳмид, ки бо кӣ сару кор дорад. Аз ин рў, онҳо ба рафти минбаъдаи ҳаракатҳои мўйсафеди шабгард дахолат накарда, танҳо ҳаракатҳои минбаъдаи ўро ба зери назорат гирифтанд.
Мўйсафед аз автомашина берун омада, гирду атрофро бо диққат аз назар гузаронд ва чун хатареро ҳис накард, ба тарафи бўстонсаро равон шуд. Ў на ба воситаи тиреза, балки аз дари асосии даромадгоҳ ворид бино шуд.

пешина
аз 416
навбатӣ