Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Лаҳзае пас дар ошёнаи дуюми бино чароғи барқӣ фурўзон гашт.
Сорбони Ҳомид ба воситаи мухобира ба алоқа баромада ба ШКД аз ташрифи меҳмони шабгард ба бўстонсарои Кабиров хабар дод.
Баъди гирифтани координатҳои аниқи бўстонсаро аз ШКД хабар доданд, ки гуруҳеро барои ёрӣ мефиристанд. Сорбони Ҳомид ба воситаи мухобира бори дигар таъкид кард, ки автомашина ду квартал пештар аз бўстонсаро истад ва ҳайати гурўҳ то бўстонсаро пиёда биёянд. Пешниҳоди ваколатдори кофтукови ҷиноятиро дар ин бора пазируфтанд ва таъкид намуданд, ки ба ҷуз назорат дигар кореро ба сомон расондан нашояд, чунки объект метавонад яроқнок бошад…
Баъди ним соат гурўҳи ба ёрӣ расида омада, бе мамониат ба гурўҳи Сорбони Ҳомид ҳамроҳ шуд.
То ҳанўз мўйсафед саргарми кори хеш буд, вале ҳайати гурўҳ ба кори ў халал расонданӣ набуд. Нохост соати 01 44 дақиқа аз ошёнаи дуюм алангаи оташ бархост ва ҳайати гурўҳ аз камингоҳ берун омад. Ҳайат ки иборат аз панҷ нафар буд, омодаи ба дохили бино ҳуҷум намудан кард. Дар ҳамин асно мўйсафед саросемавор аз бино берун омад ва чӣ хел дастонаш ба пушташ тоб хўрданд нафаҳмид…
Ду нафар мўйсафедро ба зери назорат гирифта, боқимонда ҳама ба ошёнаи дуюм тохтанд. Ба онҳо муяссар шуд, ки алангаи оташро зуд хомўш созанд.
Вақте ки Сорбони Ҳомид ва ҳамроҳонаш оташро хомўш карда, ба поён фаромаданд мўйсафедро бо дастони кишанзада дар ошёнаи якум дар иҳотаи ду посбон диданд.
Яке аз милисионерон хабар дод, ки ҳангоми кофтуков аз ҷайби мўйсафед ба ҷуз як қуттии гўгирд дигар ягон чиз ёфт нашуд.
Сорбони Ҳомид ки сарварии гурўҳро ба ўҳда дошт, ба назди мўйсафед рафта ному насабашро пурсид.
– Архангелский Сергей Павлович.
– Соли таваллуд, ҷойи таваллуд.
– Соли 1919 дар вилояти Смоленски РСФСР таваллуд шудам.

пешина
аз 416
навбатӣ