АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

– Бо Зубайдова чӣ хел муносибат доред?
– Бо Замира Аскаровна?
– Бале.
– Мо дугонаем, вале бовар кунед, ман шавҳари ўро чашми дидан надорам. Маҳз аз рўйи ў шуда вақтҳои охир ба хонаи Замира ҳам намеравам.
– Рўзи 24– феврал баъди нисфирўзӣ ба ҷойи кори ман омада буд, гуфт ки субҳи фардо ба айёдати модараш ба Тошканд меравад.
– Дигар ўро дидед?
– Не, азбаски ман дар басти дуюм кор мекардам, ҳамроҳаш рафта натавонистам.
– Ба куҷо?
– Ба кассаи фурудгоҳ.
– Чӣ ў бо поезд намерафт?
– Гуфт ки нияти бо самолёт рафтан дорад.
– Мақсади рафтани Замира ин на танҳо айёдати модар буд?
– Дар чунин шароит ба Тошканд дасти холӣ рафта омадан маъние надорад ва Замира ҳам аз он ҷо баъзе майда – чўйдаҳо меовард, то зинадагиашро беҳтар кунад ва ман ҳам ба ў дусад доллар додам, то бароям баъзе молҳо биёрад.
– Аз ин ҷо ў ягон чиз мебурд?
– Ҳа, он рўз ў аз кадом фурўшандаи молҳои антиқае ангуштарини зебо, нигинаш аз алмос харида буд ва ин хариди худро ҳамчун як бозёфти нодир меҳисобид. То ҳоло дурахши алмос аз пеши назарам дур намешавад.
– Нагуфт, ки ангуштарин чӣ қимате дорад?
– Ҳамин қадар гуфт, ки нигини болои ангуштарин 17, 5 қирот алмос дорад.
– Оё нафаҳмидед, ки аз куҷо, кай, бо кадом нарх ангуштаринро харидааст.
– Модоме ки фурўши чизҳои антиқа манъ аст ва ба ғайриқонунӣ баровардани он аз ҷумҳурӣ ҷазо пешбинӣ шудааст, беҳтараш ин тарафи масъаларо аз худи Замира пурсед.
– Мепурсидему лекин…
– Чаро суханатонро буридед?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё