АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

– Кадом оиларо?
– Гўё намедонед ва беҳтар, ки дар бораи ташрифҳои шабона ва натиҷаи он ташрифҳо худатон ҳарф мезадед. Шуморо бовар мекунонам, ки аз тахти дил ба кирдори содиркардаи хеш пушаймон будан дар рафти минбаъдаи тафтишот ба инобат гирифта мешавад.
– Гуфтам–ку ҳамааш дар натиҷаи мастӣ рух дод.
– Гўш кун Сергей Павлович, наход гумон кунед, ки шумо дар он бўстонсарои бефарёд тасодуфан ба даст афтодед.
Шуморо бовар мекунонам, ки ҳаёту фаъолиятатон тайи як ҳафтаи охир мавриди омўзиши мо ҳамин ҷо нишастагон қарор дошт.
– Модоме ки шумо ҳамашро медонед, пас чаро мепурсед?
– Гуфтам–ку шунидани овози хуши шумо ин танҳо ба манфиати кор аст ва дар рафти минбаъдаи тафтишот аз ҷумла ҳангоми эълон кардани айб ва тартиб додани фикри айбдорӣ ҳамчун ҳолати сабуккунандаи ҷазо ба инобат гирифта мешавад.
– Он чӣ ки ман дишаб дар бўстонсаро ҳангоми мастӣ содир кардам, пурра ба гардан мегирам ва тайёрам, ки дар назди қонун ҷавоб диҳам.
– Оё гуфта метавонед ки бўстонсарое ки дишаб даромадед аз они кист?
– Аз куҷо донам?
– Ҳай, ҳай ин коратон хуб не, дар чунин торикӣ бўстонсароро бемалол ёфтеду номи соҳибашро намедонед?
– Гуфтам–ку ман тасоддуфан он ҷо афтодам.
– Набошад гўед, ки Қамар Абдулғаниевичро мешиносед?
– Чӣ хел ки ба ёд оварда наметавонам.
– Чӣ хел ба ёд оврада наметавонед, ба фикрам риштаи дўстии шумо таи чанд соли охир хело мустаҳкам шуда буд. Оё шумо набудед, ки дар рўзи ҷанозаи марҳум сари тобуташ нутқи пурмўҳтавое намуда, ҳатто оби чашматонро дареғ надоштед, – ба сухан даромад Сорбони Ҳомид.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо