Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Ҳа, дар бораи Қамар Абдулғаниевич гап мерафтааст.
Худораҳматӣ марди хуб буд.
– Хуб буд, ё не мо чизе гуфта наметавонем, вале шумо ўро фалақ андохта куштед ва боз шарм надошта дар сари тобуташ нутқ карда ҳатто ашк рехтед,– паст наомада гуфт Сорбони Ҳомид.
– Чаро ман ўро мекуштам ба кадом мақсад ҳамагон медонанд, ки ман то куҷоҳо давутоз намуда, ҳангоми ба нафақа баромаданам ўро ба мансаби директорӣ овардам ба фикрам то кунун падар барои писараш чунин меҳнат накардааст.
– Агар чунин аст, пас бўстонсарои ўро чаро оташ задед?
– Худоё, наход ман дишаб ба бўстонсарои Қамар Абдулғаниевич даромада бошам?
– Бале, шумо дишаб соати 23 14 дақиқа вориди бўстонсарои Кабиров шуда, соати 01 44 дақиқа бўстонсароро оташ задед ва аз он ҷо фирор карданӣ шудед. Дар давоми дуюним соати дар он ҷо буданаатон ҳам лаҳзае ором нагирифтед, ба фикрам ягон чизро ҷустуҷў доштед ва чун муродатон ҳосил нашуд, бўстонсароро оташ задед.
– Чаро шумо ба ман бовар намекунед он чи ки ман вориди бўстонсарои Кабиров шудам ин тасодуф аст. Сўхтор бошад дар натиҷаи беэҳтиётии ман рух додаст, охир ман чунон маст будам, ки худам ҳам чизеро дар ёд надорам.
– Тафтишот ҳолатҳоеро ба даст дорад, ки ба манфиати шумо нест аз ин рў, беҳтар мешуд ки ҳамаашро худатон гуфта медодед,– ба суҳбат ҳамроҳ шуда гуфт Абдулло Мирзоев.
– Ман, аллакай, ҳамаашро гуфтам ва иловае надорам.
– Чӣ илоҷ модоме, ки моро нафаҳмидед, акнун гўш кун,– гўён Сорбони Ҳомид ба сухан оғоз кард:
– Дар ҳақиқат мо нисбати он суханони шумо ки бо даву тозҳои зиёд Қамар Абдулғаниевичро ба маснади директори завод овардед, шаку шубҳа надорем.

пешина
аз 416
навбатӣ