Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 416 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Сипас, ў расмро нишон дода, талаботҳои хешро пешниҳод кард ва ман барои ошкор нашудани сирам мувофиқи имконот ба ў ёрӣ додам. Ҳатто баъди аз мансаб рафтанам ҳам ў маро ором нагузошт ва талаби гирифтани хонаҳоямро дошт ва соати 22– и шаби 12– уми май маро ба вохўрӣ барои гуфтушунид таклиф кард. Ман ҳама тарафҳои масъаларо санҷида, ба ҷойи вохўрӣ нею ба тарафи хонааш рафтам ва дар ҳамон ҷо омадани ўро интизор шудам.
Шояд ў дар ҷойи вохўрӣ маро хело интизорӣ кашид ва чун умедашро канд ба хонааш баргашт. Ман ки ба мақсади аз байн бардоштани ў, аллакай, бандро дар деворҳои эҳтиётии зинаҳо, дар ошёнаи дуюм маҳкам карда будам, баробари пайдошавии ў аз камингоҳи хеш берун шуда, нўги дигари бандро ки гиреҳи давон дошт ба сари ў партофта худамро бақафо кашидам.
Ҳуҷум чунон ногаҳонӣ буд, ки ў ҳатто имконияти нигоҳ кардан наёфт. Пас, ҷисми аз ҳуш рафтаи ўро бардошта, ба байни зинаҳо ҳаво додам ва ў ҳамоно байни ошёнаи якуму дуюм муаллақ монд. Ман лаҳзае пас аз он ҷо берун шудам. Сипас, дар ҷанозааш иштирок карда, ҳатто оби дида рехтам, ҳайфи он оби чашмонам, чунин одамон ба оби дида ҳам намеарзанд. Аз чӣ бошад, ки дилам баъди ин ҳам осуда нашуд, чун дар муддати панҷ шабонарўзи баъди ҷаноза касе ба суроғаи ман наомад, ба хулосае омадам, ки аҳли оилааш дар бораи он расми зормонда хабар надоранд. Баъди андешаи бисёр ба хулосае омадам, ки расм аз бўстонсаро берун нест ва ташрифи дишабаи ман ба бўстонсарои Кабиров маҳз барои дарёфти ҳамон расм буд. Хушбахтона, меҳнати ман зоеъ нарафт ва он расмро дар ҳамон ҷо ёфта оташ задам…
Дигар он чӣ ки буду шуд шумо худатон медонед. Акнун ман монда шудам, маро ба камера фиристед.
Зарифӣ қаровулонро ҷеғ зада бо забони русӣ амр кард:

пешина
аз 416
навбатӣ