АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

Вале рафторҳои баъдинаатон худ далели онанд, ки шумо Сергей Павлович, ҳамаи ин даву тозҳоро на аз рўйи меҳр, балки аз тарс анҷом додаед.
– Чӣ хел тарс, шумо чиҳо гуфта истодаед?– ғунгос зад мўйсафед.
– Модоме ки худатон гап назадед акнун ба мо имконият диҳед, ки шуморо ба худатон шинос кунем. Ҳарчанд мо аз марги Кабиров аз шумо гумонбар будем, вале худи шумо ин протсесро кўтоҳ намудед. Гап дар он ки Қамар Абдулғаниевич ҳам чун ҳама бандагони хокӣ фаришта набуд ва хизмати шуморо қадр накард. Чӣ хеле мегўянд иштиҳо ҳангоми тановул дучанд мешавад, чӣ қадар шумо ба тарс дода шудед, иштиҳои Кабиров ҳамон қадар қозгир шуд ва маҳз ҳамин талабу дархостҳои нави ў ба ҷони шумо зад ва роҳи ягонаи халосиро дар аз байн бардоштани ў дидед. Албатта, агар дигар кас ба ҷойи шумо мебуд, дар бораи таҳдиди Кабиров ба органҳои салоҳиятдор арз мекард ва ўро бо далелҳои раднашаванда ба маҳкама мекашид. Вале барои шумо дарҳои ҳама органҳои салоҳиятдор баста буданд, чунки бо ариза муроҷиат намудан аз болои Кабиров ин баробари ба пойи худатон теша задан буд.
– Шояд давомашро худатон шарҳ диҳед,– гуфт муфаттиш.
– Аз шумо чизеро пинҳон карда намешавад. Дар ҳақиқат Кабиров муддатҳои тўлоние бо роҳи таҳдид хуни маро макид.
– Гўед ки барои чӣ шуморо таҳдид мекард?
– Барои ночиз коре, аслан, ҳоло худам фикр мекунам, ки беҳуда ба куштор даст задам. Агар ман дар бораи таҳдидҳои ў ба мақомотҳои салоҳиятдор арз мекардам, шояд онҳо мўйро аз хамир ҷудо мекарданд. Ҳама гап дар сари он, ки ҳангоми дар вазифаи директори корхонаи шарбатбарорӣ будан ў ману як духтари урёнро расм гирифтааст ва азбаски духтарак баъди чанде ба садамаи автомобилӣ дучор шуд, як рўз ў бо он расм вориди кабинети кории ман шуда гуфт, ки барои аз байн бардоштани он духтарак, ки аз ҳама сиру асрорам огоҳ будааст, садамаро ман ташкил намудам.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо