АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ЯКУМ ҚИССАҲО ВА ТАҚРИЗҲО

– Ҳа, чун ман ба завод рафтам, сари субҳ касал хеста аз хона гум шуд.
– Он субҳ гуфт, ки ба хонаашон меравад.
– Лекин ба хонаашон нарафтааст ва шаби баъди ғорат намудани касса ў дар куҷо мегаштааст, мо намедонем.
– Аз куҷо фаҳмидӣ, ки дар хонаашон набудааст?
– Имрўз баъди аз назди муфаттиш баромадан ба хонаашон рафта будам ва Шаҳло гуфт, ки Дилоромро ёд кардааст.
– Пурсидам, ки чанд вақт ўро надидаӣ, ки чунин ёдаш намудӣ.
– Гуфт як моҳ шуд.
– Вой ман мўрам, пас ў дар куҷо будааст?
– Ҳаминро ман аз худат пурсиданиам. Дилам ба Шаҳло месўзад. Ин лаънатии набераат бо падараш як себи дукафон.
– Дар ин ҷо ман гунаҳгор. Сад афсўс мехўрам, ки ман бароят писар таваллуд накардам. Шукри Шаҳлою Зебо, вале акнун онҳо чароғи хонадони дигаронро фурўзон медоранд.
Агар худои таоло барои мо писаре медод, имрўз ба дастгирии Дилором эҳтиёҷ надоштем. Вале чӣ кунем, ки замин сахту осмон баланд,– гуён кампир бо лаби рўймолаш ашки чашмонашро пок кард…
– Аз чунин дастёр набуданаш беҳтар аст. Фаромўш накун, ки «Гургзода гург шавад, гарчи ба одами бузург шавад»…
– Имрўз дер шуд, фардо субҳ худат ўро бо ду дасти адаб бурда, ба дасти волидонаш супор…
… 19 …
– Ман акнун фаҳмидам, ки он саҳнаи бемории ман барои ту чӣ лозим будааст.
– Агар махфӣ набошад барои чӣ?
– Барои ғорат кардани кассаи завод
– Ақлатро хурди наход гумон кунӣ кассаро ман ғорат намудам.
– Чӣ ҷойи гумон, бе гумони ман ҳам ҳамааш фаҳмост.
– Модоме, ки фаҳми чаро ба милиса намедавӣ?
– Туро бурда ба милиса супорам, чӣ девона шуди магар?
– Рафту дар ҳақиқат кассаро ман ғорат карда бошам чӣ?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо